Холкӯбҳо Туркманистонро тарк мекунанд
Баъди таъқибҳои давомдори холкӯбҳо дар Туркманистон бисёре аз мутахассисони ин соҳа Туркманистонро тарк мекунанд. Яке аз холкӯбҳо ба бахши туркмании Радиои Озодӣ тамос гирифт ва дар бораи тарк кардани Туркманистон нақл кард.
"Фишор аз соли 2015 шуруъ шуд. Асбобҳои маро гирифтанд, ҷарима бастанд, забонхат ҳам гирифтанд, ки ман дигар холкӯбӣ намекунам. Якбора аз 5 мақомот назди ман омада буданд. Онҳо мехостанд, донанд, ки ман ба чанд нафар холкӯбӣ кардаам, чи қадар маблағ даромад мекунам. Онҳо ҳатто таҳдид карданд, ки дафъаи дигар суҳбат дигар хел сурат мегирад",-гуфт вай.
Ҳолатҳои фишор ба холкӯбҳо баҳори имсол расонаӣ шуд. Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мақомот тавассути касоне, ки дар дасту бозуяшон холкӯбӣ доранд, мехоҳанд, муайян кунанд, ки устои холкӯб кист.

Комментарии (0)