Тоҷикистон зимни раёсаташ дар ИДМ ҳамоҳангсозии қавонин муҳоҷиратро суръат мебахшад

Тоҷикистон зимни раёсаташ дар ИДМ ҳамоҳангсозии қавонин муҳоҷиратро суръат мебахшад
Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар ИДМ дар соли 2025 талош хоҳад кард, раванди ҳамоҳангсозии асноди марбут ба муҳоҷирати корӣ дар фазои ин созмонро суръат бахшад.Дар ин бора Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Маскав изҳор дошт.Вай қайд кард, ки муҳоҷират ва танзими меҳнат як самти муҳими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ мегардад."Барои суръат бахшидани тасдиқи лоиҳаҳои консепсияҳои ташаккули тадриҷии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатии кишварҳои созмон — кишварҳои ИДМ дар бораи тасдиқи мутақобили санадҳо дар бораи муҳоҷират кмеҳнатӣ, ки муддати тӯлонӣ мавриди баррасӣ қарор доранд талош хоҳем кард«, — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 12 декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он масоили тақвияти ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд.
Дар ин нишаст сарвазири Тоҷикистон Қозир Расулзода иштирок дорад.Дар ин ҷаласа сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Маскав масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои муштаракулманофеъ дар заминаи таҳримҳои Ғарбро баррасӣ хоҳанд кард.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий