Арманистон узвияташро дар СПАД боздошт

Арманистон узвияташро дар СПАД боздошт
    "Арманистон узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои СПАД боз доштааст ва дар ин марҳала ин иқдом кофӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир барои тасмими дигар заруратеро намебинем. Вале ин маънои онро надорад, ки мо даст ба иқдоми навбатӣ нахоҳем зад«, — изҳор дошт сарвазири Арманистон Никол Пашинян.

     Сарвазири Арманистон дақиқ нагуфт, ки кишвараш кай аз ҳайати СПАД берун мешавад. Ӯ танҳо гуфт, ин кор замоне сурат мегирад, ки мақомоти Арманистон онро лозим донанд.

    Қаблан Пашинян гуфта буд, Ереван барои бурунрафт аз ҳайати СПАД омодагӣ мебинад.
Арманистон тирамоҳи соли 2022 аз аъзои СПАД хоста буд, дар пешорӯи амалиёти низомии Озарбойҷони ҳамсоя кӯмак кунанд, вале ин дархосташ беҷавоб монд ва Ереван аъзои ин созмонро дар нодида гирифтани талабҳояш айбдор намуд.
   Пашинян ва чанд мақоми дигари ҳукумати Арманистон гуфтанд, ки дар талоши гуногунсозии сиёсати хориҷии кишварашон мебошанд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий