New York Times: Аз даст додани ду деҳа дар Донбасс барои Украина зарбаи сахт буд

New York Times: Аз даст додани ду деҳа дар Донбасс барои Украина зарбаи сахт буд
Аз даст додани деҳаҳои Урожайное ва Старомаёрское дар Донбасс зарбае барои Украина буд, Чунки барои тасарруфи ин шаҳракҳо дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ дар соли гузашта артиши Украина барои он нерӯи зиёд масраф карда буд, менависад New York Times дар истинод ба як манбаъ аз артиши Украина.

Урожайное ва Старомаёрское миёни вилояти Запорожие ва ҶМД воқеъ мебошанд. Душман ин деҳаҳоро тобистони соли гузашта дар рафти ҳамлаи ҷавобӣ ишгол карда буд.

Старомаёрское 10 июн, Урожайное 14 июл озод карда шуданд.

«Аз даст додани ин деҳаҳо барои Украина дар пасманзари дастовардҳои ҳудудии ахири Русия дар бисёре аз бахшҳои ҷабҳа як зарбае буд ва чун нерӯҳои украинӣ онҳоро бо чунин душворӣ ҳангоми ҳамлаи ҷавобии хунин забт карданд», — менависад нашрия.
Дар баробари ин, дар рӯзнома қайд карда шудааст, ки фармондеҳ аз низомиёни украинӣ талаб кард, ки мавқеъҳои худро то охир нигох доранд.

«Дар гирду атроф паҳподҳои интиҳории зиёд парвоз мекарданд, ки танҳо шабона ба берун овардани маҷрӯҳон имкон буд, ки дар он ҷо нигоҳ доштани сарбозон (дар Урожайный — ред.) бемаънӣ шуд», — иқтибос меорад рӯзнома гуфтаҳои як низомиро.Нашрия қайд мекунад, ки ақибнишинӣ аз маҳаллаи аҳолинишин дар тӯли чанд соат ба «муборизаи ноумедона дар зери оташ» бидуни имкони гирифтани кушташудагон ва захмиён мубаддал шуд.

Тавре рӯзнома бо истинод ба афсарони Украина менависад, онҳое, ки аз ақибнишинӣ наҷот ёфтаанд, ба беморхонаҳо фиристода шуданд.Тавре аз Вазорати дифои Русия хабар дод, сардори Ситоди Русия генерал Валерий Герасимов ба низомиёне, ки дар озодсозии шаҳри Урожайний иштирок доштанд, ҷоизаҳои давлатӣ супурд ва аз онҳо барои ҷасорат изҳори сипос кард.


Сарчашма: sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий