Обхезии фалокатбор дар Эрон - 19 кушта ва 120 маҷрӯҳ: 15 акс аз ҷойи ҳодиса

Обхезии фалокатбор дар Эрон - 19 кушта ва 120 маҷрӯҳ: 15 акс аз ҷойи ҳодиса
Борони сел дар ҷануби Эрон ҷони 19 танро рабуд ва бештар аз 120 кас маҷрӯҳ шуданд

Дар Эрон дар пайи фалокати табиӣ - обхезии шадид 25 музофот валангор шуданд.

Бештар аз ҳама сокинони шаҳри Шероз осеб диданд. Офати табиӣ пурра даромадгоҳи шимолии шаҳр "Дарвозаи Қуръон"-ро тахриб кардааст. Маҷрои бузург худрав ва одамону ҳайвонҳоро бурда, биноҳоро вайрон кард.

Дар натиҷа 19 тан кушта ва 120 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба хонаводаҳои осебдидагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба мақамоти маҳаллӣ супориш додааст, ки ба онҳо кӯмаки фаврӣ расонида шавад.


Сарчашма: https://sputnik-tj.com/photo/20190327/1028557098/Obkhezii-Eron-aks-az-joyi-hodisa.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий