Русия ду маллоҳи украиниро ба ҳабс гирифт
Додгоҳе дар нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим ду низомии украиниро ба ҳабс гирифт. Ин афрод дар дохили киштӣ аз тарафи марзбонҳои рус дар гулӯгоҳи Керч боздошт шуданд.
Дар ин бора хабарнгигори Радиои Озодӣ Антон Наумлюк хабар дод. Додгоҳе дар шаҳри Симферопол бо қарори рӯзи 27-уми ноябри худ узви киштии “Яни Капу” – Виктор Варемеза ва маллоҳи қаиқи “Никопол” Сергей Тсибизовро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифт.
Ин ду маллоҳро дар убури ғайриқонунии марзи Русия аз ҷониби гурӯҳи афроде бо истифода аз зӯр муттаҳам карданд. Бар асоси ин модда ҳадди аксар то 6 соли зиндон пешбинӣ мешавад. Низомиёни украинӣ то 25-уми январ ба ҳабс гирифта шуданд.
Рӯзи 25-уми ноябр се киштии нирӯҳои баҳрии Украина бо истифода аз силоҳ дар гулӯгоҳи Керч боздошт шуданд. Дар Хадамоти амнияти федеролии Русия мегӯянд, ки киштиҳои украинӣ марзи Русияро убур карданд.
Украина амали Русияро ғосибкорӣ номид. Русия ин ҳодисаро амали тарҳрезишудаи Украина меномад. Дар маҷмӯъ, марзбонони рус 24 низомии украиниро боздошт карданд. Аз миёни онҳо рӯзи сешанбе дар додгоҳ 12 нафарашон ҳозир шуданд. Ба иттилои манобеъ, аз 3 то 6 нафари онҳо маҷрӯҳ шуда, дар бемористони Керч нигаҳдорӣ мешаванд.
Комментарии (0)