"Рубоҳ дар мурғхона"- мухолифати сенатрҳои ИМА ба номзадии генерали рус дар садри Интерпол
Сенаторҳои ИМА ба таъини генерали Русия Александр Прокопчук ҳамчун раҳбари нави "Интерпол" мухолифт карданд. "Генерали рус дар садри пулиси байналмилалӣ мисли "рубоҳ дар мурғхона аст", омадааст дар номаи саркушодаи сенаторҳо ба президенти ИМА Доналд Трамп ва маҷмаи кулли Интерпол. Ба муроҷатнома чаҳор сенатор: ду сенатори ҷумҳурихоҳ- Роҷер Уикер ва Марко Рубио ва ду сентатори демократ -Ҷин Шаҳин ва Крис Кунс имзо гузоштанд.
Онҳо мегӯянд, "Русия борҳо қонунҳои Интерполро поймол карда, онҳоро барои интиқомгирӣ аз ҳарифони сиёсияш, дигарандешон ва хабарнигорон истифода кардаст". Дар баробари ин, ба гуфтаи сенаторҳо, худи Прокопчук "дар татбиқи стратегияи тарсу ҳарос, ки ба заиф кардани институтҳои демократӣ ва тақвияти режими худкомаи Путин равона шудааст, шахсан иштирок кардааст.
Қаблан намояндагони Форуми оппозитсионии "Русияи озод" ба эҳтимоли таъини Прокопчук ба раҳбарии Интерпол вокуниш карданд. Онҳо гуфтанд, "намояндаи кишваре, ки озодиҳои шаҳрвандонашро нақз мекунад, тааҳуди байналмилалиашро риоя намекунад, қаламрави кишвари дигарро ғасб мекунад ва дар чанд ҷанги ишғолгарона иштирок кардааст, наметавонад раҳбари Интерпол бошад".
Аз чунин мавқеъ соҳибкорон аз "рӯйхати Титов" низ хабар доданд. Онҳо мегӯянд, ки Вазорати дохилии Русия масъулияти нақзи бешумори ҳуқуқи инсонро бар дӯш дорад. "Ин ниҳод бо фасодкорӣ, хизмат ба сарватмандон машҳур аст ва кормандонаш пайваста ба муносибати ғайриинсонӣ ва шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам ва муҷрим эътироф шудаанд",- омадааст дар муроҷиатномаи ин гурӯҳ. Муаллифони ин изҳорот аз маҷмаи кулли Интерпол даъват карданд, ки ба номзадии Александ Прокопчук овоз надиҳанд.
Украина низ ба ин номзад мухолифат дорад. Киев гуфт, ки агар намояндаи Русия дар курсии раҳбарӣ нишинад, Украина аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд. Баъди пахши хабари довталабии Прокопчук ба раҳбарии Интерпол, маълум шуд, ки бародари ҳамхуни ӯ намояндаи Украина дар САҲА аст. Вазорати корҳои хориҷии Украина ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ки низоъ бо Русия дӯстон ва хешонро дар ду тарафи ҷабҳа қарор дод ва итминон дод, ки ин хешутаборӣ ба фаъолияти Прокопчуки хурдӣ дар САҲА таъсир надорад.
Интихоби раҳбари нави пулиси байналмилалӣ ё Интерпол, рӯзи 21 ноябр дар Дубай баргузор мешавад. Генарл-майор Александр Прокопчук аз соли 2006 муовини раҳбари идораи миллии Интерпол буд. Соли 2011 ӯ раҳбари идораи миллии Интерпол дар назди Вазорати дохилии Русия таъин шуд. Кремл аз эҳтимоли интихоби Прокопчук ба мақоми раҳбари Интерпол пуштибонӣ кардааст.
То чанде пеш намояндаи Чин- Мэн Ҳунвэй раҳбари пулиси байналмилалӣ буд. Моҳи октябр ӯ баъди сафар ба ватанаш нахуст нопадид шуд ва баъдан, бинобар оғози таҳқиқи парвандаи ӯ бо иттиҳоми фасодкорӣ, аз мақом истеъфо дод. Феълан раҳбарии даври гузаришро дар Интерпол намояндаи Корея Ҷанубӣ Ким Йонг Ян бар дӯш дорад.
Комментарии (0)