Ваъдаи Трамп дар бораи эълони хулосаҳои қатли Хошуқҷӣ
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, хулосаи ниҳоӣ дар бораи омилони эҳтимолии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, хабарнигори шинохтаи арабро ҳафтаи оянда эълон мекунанд.
Пештар аз ин хадамоти иттилоотии Амрико гуфтанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки Шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон, вориси тахти шоҳи Арабистони Саудӣ дастур додааст, ки Хошуқҷиро бикушанд.
Доналд Трамп рӯзи 17-уми ноябр дар аёлати Калифорния ба хабарнигорон гуфт, “Гузориши мукаммалро то рӯзи дигар, шояд душанбе ва ё сешанбе бигирем”. Ба эътиқоди Хадамоти иттилоотии Амрико, Муҳаммад Бин Салмон, ки дар воқеъ раҳбари Арабистони Саудӣ ба шумор меравад, дастур додааст, ки Ҷамол Хошуқҷӣ, хабарнигори мунтақиди сиёсатҳои ӯ ва муқими Амрико кушта шавад.
Арабистони Саудӣ чунин иддаоро рад кардааст. Хабарнигори арабро моҳи октябр дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул куштаанд, вале маълум нест, ки ҷасади ӯро куҷо кардаанд.

Комментарии (0)