Писар модари ҳомиладорашро паронд

Писар модари ҳомиладорашро паронд
Зане, ки аз тарафи фарзанди худ паронда шудааст дар ҳолати вазнин, дар беморхона қарор дорад

Дар Сиэтли Амрико писарбачаи чорсола дар хона тапончаи омодакарда шуда ба паронданро пайдо карда, модари ҳомиладорашро дар рӯяш тир холӣ кардааст, хабар додааст нашриёти маҳалии Seattle Times.

Ин ҳодиса рӯзи 2-юми феврал ба вуқӯъ пайвастааст. Волидайни писарбача дар хона бо ӯ ҳамроҳ будаанд. Вай ногаҳон тапончаро пайдо кардааст.

“Тапонча мувофиқи талабот пинҳон нашуда будааст. Он дар ҳолати омода ба тирпаронӣ дар таги рахти хоб гузошта шуда будааст”, - навиштааст нашриёт бо истинод ба гуфтаҳои корманди пулис Райана Эббота.

Зани ҳомиларо бо ҷароҳатҳои хатарнок барои саломатии инсон ба беморхона интиқол додаанд. Баъдан масъулини беморхона қайд кардаанд, ки вазъи зан то ҳолати қаноатбахш расидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи ноябри соли гузашта дар иёлоти Вашингтон, ки Сиэтл, низ дар онҷо маскун аст, қароре қабул  намуданд, ки дар асоси он дар ҷои мувофиқ пинҳон накардани силоҳ ва ба дасти ноболиғон расидани он соҳиби силоҳро ҷавобгарии ҷиноӣ интизор аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий