Модаре тифлашро ба $400 фурӯхтанӣ шуд
Дар шаҳри Оҳангарони вилояти Тошканди Ӯзбекистон 3 январ занеро боздошт карданд, ки мехост, тифли семоҳаашро 400 доллар фурӯшад.
Дар ин бора Раёсати мубориза бо терроризм ва экстремизми Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон 7 январ иттилоъ додааст.
Тифлро ба бемористони кӯдаконаи шаҳри Оҳангарон супурдаанд.
Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки зани боздоштшуда сокини Оҳангарон буда, муваққатан бекор аст. Зидди ӯ бо банди «Хариду фурӯши шахси ноболиғ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банд аз 8 то 19 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Комментарии (0)