Ҳукуматдорони Ироқ тақозо намуданд, ки ҳамаи низомиёни хориҷӣ кишварашонро тарк кунанд

Ҳукуматдорони Ироқ тақозо намуданд, ки ҳамаи низомиёни хориҷӣ кишварашонро тарк кунанд
Мақомоти ин кишвар пофишорӣ мекунанд, ки нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави давлаташон комилан бароварда шаванд. Ба гуфтаи раиси ҳукумати Ироқ, дар вазърияти мавҷуда ин ягона роҳи ҳал мебошад

Парлумони Ироқ пешниҳоди сарвазири амалкунандаи ин кишварро ҷонибдорӣ намуда,  барои аз эътилофи мубориза бо ДОИШ баровардани давлатҳои хориҷӣ раъй дод. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба телевизиони маҳаллӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин қарор аслан маънои хуруҷи тамоми нерӯҳои хориҷиро аз Ироқ дорад.

"Қатъи ҳузури низомиёни хориҷӣ, сарфи назар аз мушкилоти дохилӣ ва беруна беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот аст", -  гуфтааст  сарвазири Ироқ Абдел Маҳдӣ зимни баромади худ тариқи телевизиони Sky News Arabia.

Зимнан, сарвазири амалкунандаи Ироқ афзудаст, ки ду роҳи асосии ҳалли ин мушкил мавҷуд аст, ки яке ба якборагӣ берун овардани тамоми неруҳои хориҷӣ аз хоки Ироқ ва дувум тадриҷан бо нигоҳ доштани бархе вазифаҳояшон.

"Ҳамчун сарвазир ва фармондеҳи олӣ, ман роҳи ҳалли аввалро тавсия медиҳам. Бо вуҷуди мушкилоти дохилӣ ва берунӣ, ки мо бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем, ин интихоб барои Ироқ ба таври куллӣ беҳтар аст ... Ин ба ислоҳоти муносибатҳо бо Амрико ва дигар давлатҳо кӯмак хоҳад кард”, - гуфт Абдел Маҳдӣ.

Ҳамин тавр пешниҳоди сарвазириИроқро аъзои парлумони кишвар ба таври дастаҷамъона дастгирӣ намуданд.

Вазъият  пас аз эътирозҳо дар Ироқ мутташаниҷ гаддид.  Вашингтон рӯзи 3 январ дар фурудгоҳи Бағдод амалиёти вижа баргузор намуд, ки дар натиҷа генерал Қосим Сулаймонӣ ва чанд ҳаммаслаки ӯ кушта шуданд.

Ин амалкарди Вашингтон Эронро ба хашм овард ва садҳо нафар барои изҳори нигаронии худ даст ба тазоҳурот заданд.

Зимнан, Эрон ба Шӯрои амнияти СММ муроҷиат намудаст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий