Мария Захарова гуфт кушта шудани Қосим Сулаймонӣ паёмади нохуб дорад
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова куштори Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро маҳкум кард
Ба гуфтаи Мария Захарова, куштори генерал Қосим Сулаймонӣ дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Амрико дар наздикии Бағдод боис ба шадид шудани авзоъ дар ин минтақа мешавад.
"Мо ин иқдоми Вашингтонро ҳамчун паёмади нохуб барои сулҳ ва суботи минтақа арзёбӣ мекунем. Мо чунин мешуморем, ки ин амалҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи мамолики Шарқи Наздик мусоидат намекунад", - изҳордоштаст Захарова.
Гузашта аз ин Захарова мегӯяд, ҳарчанд Амрико ин амалкарди худро ба душмани Вашингтон будани Қосим Сулаймонӣ рабт медиҳанд, вале ин далел онҳоро сафед намекунад, балки баръакс вазъиятро боз ҳам мушкилтар мекунад.
"Оё Амрико намефаҳмад, ки бо бартараф кардани Қосим Сулаймонӣ сафи душманонашро бештар намуд. Гузашта аз ин, сарвазири амалкунандаи Ироқ аллакай ҳодисаи кушта шудани Сулаймогнӣ дар фурудгоҳи Бағдодро ҳамчун як амали таҷовузкоронаи Амрико бар зидди кишвараш тавсиф кардааст", - афзуд Захарова.
Ёдовар мешавем, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд.
Пентагон хабар додааст, ки бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Мақомоти ИМА Сулаймониро масъули ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми Амрико хондаанд.
Комментарии (0)