Қатли генерал Қосим Сулаймонӣ: посухи Ҷавод Зариф ва ҷаласаи фаврӣ дар Теҳрон
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд
Нерӯҳои мардумии Ироқ - “PMF” изҳор доштаанд, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, 5 узви ин созмон ва “ду меҳмон” кушта шуданд. Яке аз кушташудаҳо Қосим Сулаймонӣ мебошад, хабар додаанд расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Al Arabiya ва Sky News.
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар саҳифааш дар Твиттер қатли Сулаймониро аз ҷониби ИМА, террор ва аблаҳӣ хонда, ки шиддати авзоъро дар пай дорад.
Вазири умури хориҷии Эрон қатли Сулаймониро амали террористӣ аз ҷониби ИМА хондаст. Ӯ афзудааст, ки Сулаймонӣ аз муваффақтарин нерӯ дар мубориза бо созмонҳои террористии “ДОИШ”, Ал-Нусра ва Ал-Қоида буда, қатлаш амали хеле хатарнок ва аблаҳона барои муташанниҷ кардани вазъият буд.
Ҷавод Зариф таъкид кардааст, ки ИМА масъули ҳамаи пайомадҳои ин ҳамла мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расонаҳои ҷаҳон дар Теҳрон ҷаласаи фаврии нерӯҳои амниятӣ таҳти раёсати Ҳасани Руҳонӣ дар ҳоли бургузорист ва қазияи мазкур дар мақомоти дигар, аз ҷумла парлумон низ баррасӣ хоҳад шуд.
Пентагон хабар додааст, ки бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Мақомоти ИМА Сулаймониро масъули ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми ИМА хондаанд.
Комментарии (0)