Корманди Кохи сафед баъди ҷанҷол бо ҳамсари Трамп аз мақом рафт
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи гузашта ёвари мушовираш дар умури амнияти миллиро аз мақом барканор кард. Барканории Мира Рикардел баъди ҷанҷоли ӯ бо ҳамсари президент Мелания Трамп сурат гирифт.
Бонуи аввали Амрико гуфт, ки "Рикардел ба фаъолият дар Кохи сафед сазовор нест". Муноқишаи Мелания Трамп бо ёвари мушовири амнияти миллӣ моҳи октябр ҳангоми сафари Африқо ҷараён гирифт. Баъди ҷанҷол барои ҷойи нишаст дар ҳавопаймо Рикардел ёварони Мелания Трампро ба рафтори номуносиб муттаҳам кард. Ба навиштаи нашрияи The Wall Street Journal, доираҳои наздик ба бонуи аввал гумон доранд, ки Мира Рекардел ба пахши хабарҳои манфии мутботӣ дар бораи Мелания Трамп даст дорад.
Шабакаи телевизионии CNN мегӯяд, ки Рикардел бо намояндагони дигари маъмурияти президент, аз ҷумла бо Ҷим Мэттис, собиқ вазири дифоъ вориди низоъ шуда буд. Рикардел номзадии чанд нафар ба мақомҳои идориро ба иллати содиқ набудани онҳо ба Ҳизби Ҷумҳурихоҳ рад кард.
Мира Рекардел дар мақоми ёвари мушовири амнияти миллӣ 7 моҳ кор кард ва бо тавсияи Ҷон Болтон ба ин мақом истихдом шуда буд.
Шабакаи телевизионии NBC мегӯяд, дар заминаи муноқиша бо Мелания Трамп дар ояндаи наздик эҳтимол раҳбари маъмурияти президент Ҷон Келли низ аз мақомаш барканор шавад. Нашрияи The Wall Street Journal гуфтааст, ки президент Трамп то нимаи муҳлати фаъолияташ дар Кохи сафед, баъзе таъғироти кадриро барномарезӣ кардааст.
Комментарии (0)