Мутахассиси узбекистонӣ сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон таъйин шуд
Усмон Тошеви 53-сола, мутахассиси футбол аз Узбекистон, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таъйин шуд.
Ӯ дастаро ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 омода месозад. Ба иттилои Федертсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии нави мунтахаби олимпии кишвар рӯзҳои наздик ба кор шуруъ мекунад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 22-юм то 26-уми марти соли оянда дар Тошканд доир мегардад, дар гурӯҳи “F” бо тимҳои Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон рақобат мекунад.
Усмон Тошев 23-юми сентябри соли 1965 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои «Зарафшон», «Пахтакор», «Нурафшон» ва «Бухоро»-и Узбекистон бозӣ кардааст. Инчунин вай бозигари тими лигаи аввали футболи Русия - «Атоммаш»-и Волгодонск, «Солнок»-и Маҷористон ва «Кератсини»-и Юнон буд.
Пас аз анҷоми карйераи футболбозиаш ба ҳайси мураббӣ фаъолият намудааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Бухороро соли 1987 бо ихтисоси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ хатм кардааст. Моҳи ноябри соли 2005 парвона ё литсензияи дараҷаи “Pro”-ро гирифтааст.
Солҳои 2000-2008 сармураббии бошгоҳҳои “Бухоро” ва “Насаф”-и Қаршӣ буд. Соли 2006 ба ҳайси ёвари сармураббии дастаи мунтахаби миллии Узбекистон ифои вазифа намудааст. Аз январи соли 2009 то майи соли 2011 ба бошгоҳҳои “Шуртан” ва “Спартак”-и Тошканд роҳбарӣ мекард.
Усмон Тошев 20-уми моҳи майи соли 2011 менеҷери кулли бошгоҳи “Насаф”, баъдан сармураббии ин дастаи шаҳри Қаршӣ таъйин шудааст. Соли 2013 сармураббии бошгоҳи “Спартак”-и Бухоро буд. Солҳои 2014-2015 ба ҳайси сармураббии бошгоҳи “Де Майванд Аталан”-и Афғонистон фаъолият кардааст. Вай соли гузашта вазифаи сармураббии бошгоҳи “Андиҷон”-ро бар дӯш дошт.
Дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) таҳти раҳбарии Усмон Тошев моҳи июли имсол ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид, ки дар Тошканд доир шуд. Ҳамчунин Усмон Тошев мушовири FIFA ва AFC мебошад.
Комментарии (0)