ҚАҲРАМОНИ ОЛИМПӢ ДИЛШОД НАЗАРОВ БО ГУМОНИ ДОПИНГ АЗ ҲАҚҚИ ШИРКАТ ДАР МУСОБИҚАҲО МАҲРУМ ШУД
Маъруфтарин варзишгари тоҷик, қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро дар гурзандозӣ Дилшод Назаров бо гумони вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг муваққатан аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум карда шуд. Дар ин бора рӯзи 24 сентябр Ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU,Athletics Integrity Unit) хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар пайи тафтиши дубораи санҷиши допинг дар чемпионати ҷаҳони соли 2011 дар Тэгу (Кореяи ҷанубӣ) дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol) ёфт шудааст.
Вокуниши худи Дилшод Назаров ва мақомоти соҳаи варзиши Тоҷикистон ба қарори аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум кардани ӯ ҳагӯз дастрас нашудааст.
Дилшод Назаров нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд. Ӯ соли 2018 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро дар гурзандозӣ соҳиби унвони қаҳрамони олимпӣ гардида буд.
Дилшод Назаров роҳбари Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Марказӣ интихоб шуда, ҳамчунин дар мақоми муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон соҳаи варзиши кишварро роҳбарӣ мекунад.
Дисквалификатсия умеди Дилшод Назарови 37-сола барои даст ёфтан ба роҳхат ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токиоро аз байн мебарад. Аз 27 сентябр то 6 октябр дар Қатар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук доир мешавад. Дилшод Назаров қасд дошт, ки дар ин мусобиқот дар варзиши гурзандозӣ иштирок карда, роҳхат ба Бозиҳои олимпиро ба даст биорад. Вале ӯро аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои маҳрум кардаанд.
Ниҳоди мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук дар иттилоияш гуфт, ки Дилшод Назаров ҳамчунин дар робита ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг бори аввал ба трибунали миллии варзишӣ эҳзор карда хоҳад шуд.
Комментарии (0)