Тоҷикистон Радиои Озодии Амрикоро ба хилофкорӣ муттаҳам кард

Тоҷикистон Радиои Озодии Амрикоро ба хилофкорӣ муттаҳам кард
Багузориши Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи гузашта дар изҳороти вижае гуфт, ин расонаи амрикоӣ ба ҷои нишон додани воқеиятҳои Тоҷикистон, ахбори ба дур аз ҳақиқатҳоро дар бахшҳои мухталиф ва дар қолибҳое моҷароҷӯёна ва иғвогароёна ба мухотабони худ ироа медиҳад.
Ин ниҳод ҳамчунин муддаӣ  аст Радиои Озодӣ ба нафъи созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон таблиғ мекунад.Созмонҳое аз қабили Гуруҳи 24 ва Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ, ки фаолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ эълом шудааст.
Изҳороти вижаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон  бар алайҳи Радиои Озодӣ дар ҳоле мунташир шудааст, ки ахиран ин ниҳод иҷозатномаи корӣ барои Юсуфӣ корманди Дафтари Радиои Озодӣ дар Душанберо бекор кардааст.
Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар гузашта ва дар замони мудирияти Соҷидаи Мирзо ба ҳамкории хориҷ аз урф бо ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон муттаҳам шуда буд.
Дар паи тарҳи ингуна иттиҳомот буд, ки мудирияти кулли Радиои Озодӣ Соҷидаи Мирзо ва Аббоси Ҷаводӣ мудири бахши Осиёи Миёнаи ин радиоро аз кор барканор кард.

PARSTODAY

Комментарии (0)

Оставить комментарий