ГИРДИҲАМОЙИИ ҶИНОЯТКОРОН ДАР ГЕРМАНИЯ
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи ҳадаф ва иқдомҳои созандаи худ баҳри таъмини амнияти ҷамъиятӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар Тоҷикистон, бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руйдодҳои ягонаи даврон: сулҳ ва шукуфои дар ҷумҳурии мо анҷом дода шудааст.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон аз рўи самтҳои асоси рў ба инкишоф ниҳодааст. Аммо, мутаассифона, роҳбарон ва аъзоёни созмонҳои экстремистӣ ва террористии манъ гашта, ки дар Олмон гирдиҳамоӣ баргузор намудаанд аз ғаразҳои нопоки хеш аз дарки чунин тағйирот ва беҳбудиҳои куллӣ Тоҷикистон дар канор мондаанд.
Ташкилкунандагон ва иштирокчиёни созмонҳои манъ гашта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ саркаши намуда дар якчанд кишварҳои европоӣ рў ба паноҳ овардаанд. Ҳамаи гирдиҳамоиҳои баргузор гашта бо дастуру супоришҳои «хоҷагони молиявӣ» дар хориҷи кишвар ташкил гардидаанд.
Чанде пеш дар шабакаи интернет маълумоте нашр гардид, ки тибқи он 10 декабри соли 2018 дар назди бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин, гирдиҳамоӣ баргузор гардидааст. Дар ин масъала бештар таҳдиди воқеиро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ экстремизм ба зимма дорад, ки аз ҷумла тавассути тарҷрибаи террористӣ амали мегардад. Зеро экстремизм бо услуби хоси хеш васеъ гаштааст, ва дар фазои таъсиррасониаш манфиатҳои амнияти миллии ҳамаи кишварҳои сайёраро мутлақо ғабс дорад.
Экстремизм бо халалдор намудани муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон: ба ҳаёт, озодӣ, амният таҳдидомезона худ огоҳи додааст. Ӯ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳони муосир буда дар арсаи болоравии технология ҳарбӣ, ки вакте шахсият қобил аст барои ҳалли мақсад ва вазифаҳои хеш аз тамоми дастовардҳои муосири илми истифода барад, ки ин ҳама боиси нигаронии махсус гардидааст. Хусусан имрўз фаъолияти ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ фаъол гаштааст, ки ин боиси изтироб аст.
Баъдан имрӯз чунин харакату созмонхои байналмилалии террористӣ азқабили “Бародарон – мусулмон”, “Ҳизб – ут – Таҳрир ал – Исломӣ”, “Ал-чихад-интернейшнл", ва дигарон, ки бо машҳурияти таассуфоварӣ “Ал- қоида” зич алоқаманданд махсусан ба ҷомеаи башар хатарноканд.
Аз ин рў чунин зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккил, ба монанди терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи муосири хатарнок ва ҳато пешгӯйиаш мушкил ҳисобида мешаванд, ки бо таҳдиди миқёсӣ дар шаклҳои гуногун амал мекунанд.
Меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ доштаро пешбини намудааст.
Мувофиқи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун вазифаи муҳими таъмини амнияти миллӣ ва тамоми ҷаҳониён баррасӣ намуда ва барои тақвият бахшидан дар ин самт ҳамкориро ривоҷ дорад.
Баъдан дар хотима қайд намудан зарур аст, ки мо танҳо дар сурати пурзур намудани кӯшишҳои зиёиён, намояндагони созмонҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ, қавм ва мазҳабҳо бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон, васеъ намудани чорабиниҳои иттилоолоти –тарғиботӣ ва дар шаҳрвандон ташаккул додани ҳисси оштинопазир ба тамоили экстремизм ба идеологияи экстремисти метавонем муқобили истем.
Мудири кафедраи хукуки чиноии ДСРТ Абдухамидов Валичон
Комментарии (0)