Дору ва дандон: қарори Раҳмон барои ташкили 2 корхонаи нав ва супориш ба Озода Раҳмон
Тибқи қарори Ҳукумат, ду корхонаи нав воҳиди давлатӣ – “Дорухона” ва “Дандонпизишк” мебошанд, ки дар назди муассисаи давлатии “Маркази тиббӣ”-и назди дастгоҳи Президент таъсис ёфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Озода Раҳмон ба уҳда дорад, дастур додааст, ки масоили ташкилии марбут ба ин ду корхонаи навтаъсисро ҳал кунад.
Ин дар ҳолест, ки муассисаи давлатии “Маркази тиббӣ”-и назди дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ соли гузашта таъсис ёфта, Эмомалӣ Раҳмон охири соли гузашта Холмаҳмад Раҳимзодаро директори он таъин намуд.
Теъдоди корхонаю муассисаҳои назди дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз 25 адад арзёбӣ мешаванд. Ба ин феҳраст, аз ҷумла “Кохи Борбад”, “Кохи Ваҳдат”, “Қасри миллат”, Маҷмааи таъбу нашри “Шарқи озод”, “Китобхонаи миллӣ”, “Осорхонаи миллӣ”, “Боғи парчами
миллӣ”, “Боғи ботаникии Хуҷанд”, маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроия, “Боғи ботаникӣ”, “Кохи Истиқлол”, меҳмонхонаи “Истиқлол”,
тарабхонаи “Чаманоро”, “Боғи миллӣ”, меҳмонхонаи “Авесто”, қароргоҳи мавзеи “Сайёд” дар Данғара ва хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” дар ноҳияи Фархор шомил мебошанд.
https://sputnik-tj.com/health/20190703/1029317360/Dorukhona-qarori-Rahmon-baroi-tashkili-2-korkhonai-nav-va-suporish-ba-Ozoda-Ramon.html
Read more: https://sputnik-tj.com/health/20190703/1029317360/Dorukhona-qarori-Rahmon-baroi-tashkili-2-korkhonai-nav-va-suporish-ba-Ozoda-Ramon.html

Комментарии (0)