"Гунаҳкор"- и оташ задани Осияи 6-соларо бемористони рӯҳӣ бурдаанд. ВИДЕО

"Гунаҳкор"- и оташ задани Осияи 6-соларо бемористони рӯҳӣ бурдаанд. ВИДЕО
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки як ноболиғи муттаҳам дар оташ задани духтараки 6-сола дар Душанбе “ноқисулақл” будааст ва барои ҳамин ӯро ба шифохонаи равонӣ бурдаанд.

Вазорат рӯзи 2-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ навишт, ки “ноболиғ Сунатулло Очилдиев, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад.”

Ба қавли вазорати умури дохилӣ, Суннатуллои 13-сола дар оташ задани Осия Зулфонова нақши асосӣ доштааст ва қабл аз оташ задан “бо сагҳояш ҷабрдидаро тарсонидааст.” Вазорат мегӯяд, ки сагҳои Сунаттулро безарар ва ё маҳв кардаанд.

Осия Зулфоноваро рӯзи 19-уми июн дар Боғи миллии ноҳияи Сино оташ задаанд ва 65 дарсади бадани духтар сӯхтааст. Ҳодисаро додгоҳи ноҳияи Сино таҳқиқ мекунад.

Ҳодиса бисёриҳоро дар Тоҷикистон ваҳшатзада кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард. Одамон хостанд, гунаҳкорон ҷазои сахт бигиранд. Мақомот се ноболиғро ба ин ҷиноят муттаҳам мекунанд. Ҳар се сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд ва аз 9 то 15 сол доранд.
https://www.ozodi.org/a/tajik-teenager-placed-in-psychiatric-center/30033532.html 

Комментарии (0)

Оставить комментарий