Боз як “24” дастгир шуд…

Боз  як “24” дастгир шуд…
Убайдулло Носиров, як узви фаъоли созмони феълан дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24” рӯзи 18 декабр дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст. 

Убайдулло Носиров (Убайдулло Саидӣ) рӯзи 13 декабр бо корҳои шахсиаш ба Маскав рафта, бояд аз онҷо ба Стокҳолм (пойтахти Шветсия) бармегашт. Ӯ дар Шветсия мақоми паноҳандагӣ дорад. Убайдулло Носиров дар Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ дошт ва аз соли 2015 таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст.Намояндагони созмони феълан дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24” рӯзи 19 декабр ба сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки Убайдулло Носиров, як узви фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дастгир шудааст.Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони «Ахбор”, Убайдулло Носиров, ки дар кишвари Шветсия паноҳандагии сиёсӣ дорад, рӯзи 13 декабр бо корҳои шахсиаш ба Маскав сафар карда буд. Ӯ рӯзи 18 декабр, соати 11:25 ба вақти Маскав ба парвози Маскав – Стокҳолм чиптаи бозгашт дошт. Вале ҳангоми гузаштан аз хатти марз дар фурудгоҳи Шереметево маълум шуд, ки Убайдулло Носиров дар рӯйхатти афроди таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст.Бино ба маълумотномае, ки нусхааш ба дасти сомонаи «Ахбор” расид, Носиров Убайдулло Ҷумъабоевич, санаи таваллудаш 3 декабри соли 1989, зодаи ноҳияи Рашт, аз ҷониби мақомоти аз 15 январи соли 2015 таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта шудааст. Ба зидди ӯ дар Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар водии Рашт дар таърихи 31 декабри соли 2014 бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 3071. Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)

1) Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бощад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Убайдулло Носиров, ки бо номи Убайдулло Саидӣ маъруф аст, муовини Мақсуд Иброҳимов дар созмони «Ҷавононбарои эҳёи Тоҷикистон”, қаноти ҷавонони «Гуруҳи 24” буд ва дар гирдиҳамоиҳои эътирозие, ки соли 2014 дар Маскав доир шуданд, нақши муҳим дошт.Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2015 Иброҳимров ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

Мақсуд Иброҳимов ҳоло дар зиндони «Кирпичний” дар Роҳатӣ адои ҳукм мекунад.
http://tajikistantimes.com/tajikistan/boz-yak-%24-dastgir-shud/

Комментарии (0)

Оставить комментарий