Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон каме афзуд

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон каме афзуд


Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли равон шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 938 млн. доллар маблағ фиристодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1 млрд. 875 млн. доллар) 3,4% ё худ 63 млн. доллар бештар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон – 487 млн., семоҳаи дуюм – 672 млн. ва семоҳаи сеюм – 779 млн. доллар маблағ интиқол дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми интиқоли пул аз Тоҷикистон ба Русия аз ҷониби шахсони воқеӣ баръакс - аз 42 млн. доллар дар семоҳаи аввали соли равон то ба 38 млн. доллар - дар семоҳаи дуюм ва 36 млн. доллар – дар семоҳаи сеюм кам шудааст. Ҳаҷми умумии ин маблағи ба Русия интиқолёфта давоми 9 моҳ 116 млн. долларро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд.

Соли 2017 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2 млрд. 536 млн. доллар маблағ фиристоданд, ки ба 36%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Ҳаҷми маблағҳои фиристода аз Русия ба кишварҳои паҳнои ИДМ тӯли 9 моҳи соли равон тариқи зайл аст: ба Ӯзбекистон – 3 млрд. 57 млн. доллар, Қирғизистон – 1 млрд. 776 млн., Арманистон – 802 млн., Озарбойҷон – 719 млн., Қазоқистон – 559 млн., Украина – 399 млн., Молдова – 364 млн. ва Беларус – 209 млн. доллар.
Read more: https://www.news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20181218/intioli-pul-az-rusiya-ba-toikiston-kame-afzud

Комментарии (0)

Оставить комментарий