Дар ноҳияи Зеленогради Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуданд

Дар ноҳияи Зеленогради Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуданд
Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Зеленогради Маскав дар қочоқи маводи мухаддирайбдор дониста шуда ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуданд

Бино бар дафтари матбуоти додситонии шаҳри Маскав, Файзалӣ Маллаеви 24-сола ва Субҳон Олимови 34 -сола ҳангоми фурӯши 2 кило маводи мухаддир навъи ҳероин дастгир шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Зеленогради Маскав ин ду нафарро бо иттиҳоми “савдои маводи мухаддир ба миқдори калон” ба муддати 13 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш сахт кард.

Тавре манбаъ қайд намудааст ин ду нафар 2 кило ҳероинро дар 502 коғазхалта карда, барои фурӯш омода карданд. Аммо онҳо маводи омодакарда фурӯхта натованистанд, чунки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи маълумоти расмии Тоҷикистон, феълан дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки бештари онҳо барои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳудуди ин мамлакат боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий