Дар маркази Душанбе 5 ҳазор нафар ба машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ мебароянд
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 22-23 июн дар тамоми ҷумҳурӣ мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд
Тибқи иттилои Кумита, аз ҷумла, субҳи 22 июн, соати 6:00 дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки 5000 нафар машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир мегардад.
Манбаъ таъкид кард, ки ин чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ баргузор мешаванд, ки ҳамасола 23 июн барои барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир таҷлил мегардад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, 23 июн дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария қароргоҳи нави Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо номи “Хонаи олимпӣ” – “Olympic Housе” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар расми ифтитоҳи бинои нави КБО роҳбарони ҳамаи кумитаҳои олимпӣ даъват шудаанд.
Ин ниҳод зикр кардааст, ки 23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса зимни Конгресси байналмилалӣ дар мавриди мушкилоти тарбияи ҷисмонӣ барони фаронсавӣ Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.
Комментарии (0)