Шикасти тими Тоҷикистон дар Эрон
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар риштаи футзал – “U-20” аз ҳаққи идомаи сабқат дар Ҷоми Осиё – 2019 маҳрум шуд
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мунтахаби ҷавонони кишвар баъд аз ду бохти пайиҳам дар Ҷоми Осиё-2019 дар Эрон, аз идомаи мусобиқот канор монд.
“Шогирдони Эраҷ Носеҳов дар даври аввал аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 ва дар даври дуюм аз тими Ветнам бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардиданд”, - иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, ки ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “С”, новобаста ба натиҷаи бозии даври сеюм, дастаҳои Ҷопон ва Ветнам ба даври чорякфинал роҳ ёфтанд.
Аз гурӯҳи “D” бошад, Ироқ ва Индонезия дар чорякфинал бозӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ Тайпейи Чин аз идомаи мусобиқот маҳрум гардид.
Дар Чемпионати Осиё-2019 дар риштаи футзал миёни ҷавонони то 20-сола 12 даста дар чор гурӯҳ бо ҳам рақобат доранд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд ва муборизаро барои ҷойҳои ифтихорӣ идома медиҳанд.
Комментарии (0)