ТОҶИКОНИ ОДАМКУШ, ПАЛИДҲО, МАЛЪУНҲО: ТОҶИКСИТЕЗИИ БАРХЕ РАСОНАҲОИ РУСӢ

ТОҶИКОНИ ОДАМКУШ, ПАЛИДҲО, МАЛЪУНҲО: ТОҶИКСИТЕЗИИ БАРХЕ РАСОНАҲОИ РУСӢ
Тоҷикони одамкуш (Таджики- убийцы), чанд малъун аз Тоҷикистон (несколько подонков из Таджикистана), устоди варзишро тоҷикони маст куштанд( мастера спорта убили пьяные таджики), тӯдаи "меҳмонон аз ҷануб” (толпа "гостей с юга"), мерзавцы (палидҳо) – ин танҳо чанд ибораест, ки дар расонаҳои Русия дар мавриди 6 тоҷики бо гумони даст доштан дар марги гуштингири рус Сергей Чуев дастгиршуда истифода бурдаанд. Дар ҳоле ки мақомоти тафтишотии Маскав мегӯянд, ин куштор ба ҷуз авбошӣ ангезаи дигаре надорад, расонаҳои русӣ алакай ҳукми худро содир кардаанд – гунаҳкор – тоҷикҳоянд! Ибтидо гуфта мешуд, ки гӯё Чуев аз пушти кадом зани ҳомилае бо ҷавонони тоҷик дастбагиребон шудааст, вале дар додгоҳ ин иддао рад шуд. Сергей Чуев шаби 7 ба 8 июн дар як парк дар ҷанубуғарби Маскав кушта шуд. Ҳамчун гумонбар 6 ҷавони тоҷики аз 23 то 29-сола дастгир шудаанд. Матбуоти Русия акси лаҳзаи боздошти онҳоро низ чоп кард, ки пулис шиму трусиҳои онҳоро дар танашон дарронда, дар як ҳолати таҳқиромез аксашон гирифтааст.
Чанд намунаи инъикоси ин ҳодиса дар бархе расонаҳои Русияро хабарнигори шинохтаи тоҷик Исфандиёри Одина гирд овардааст:
 
Esfandiar Adineh
Дар тарвиҷи гароишҳои фошистӣ ва муҳоҷирситезона ва тоҷикситезона дар Русия нақши расонаҳо ва матбӯъоти он кишвар бисёр пурранг аст. Русия бо вуҷуди ин ки кишваре бузургу паҳновар аст ва худро пешрафта медонад ва иддиъои рақобат бо Ғарб мекунад, вале сатҳи рӯзноманигорияш (ва дар натиҷа сатҳи рӯшанфикрӣ ва афкори ъумумияш!) ба ҳадде ПОЙИН аст, ки ҳатто ба андозаи кишварҳои кӯчаку баистилоҳ вопасмонаде чун Тоҷикистону Узбакистон нест! Дар ин кишварҳо чунин рӯзноманигории бесаводона ва ғайриҳирфаӣ ва ба дур аз ахлоқи рӯзноманигорӣ ва қавмситезона ё бегонаситезона камтар мушоҳида мешавад. Вале дар Русия матолиби ҳовии афкори нажодпарастона ва фошистӣ ва табъизомез ва бавижа ТОҶИКСИТЕЗОНАро фаровон метавон мушоҳида кард.
Нигоҳе гузаро ба сойтҳои Русия ва ъунвонҳои матолибе, ки рӯзноманигорони рус менивисанд, кофист ин вазъиятро мушоҳида кунем. Масалан, ъунвони ин матлаб комилан тоҷикситезона аст, чиро ки метавонист "группа людей" бинвисад ва дар дохили матн бинвисад, ки инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки бетарафона ва мутобиқ бо адаби рӯзноманигорӣ аст, аммо "группа таджиков" махсус барои таҳрики танаффури қавмӣ ъалайҳи тоҷикон аст:
///В Москве задержана группа таджиков по делу об убийстве борца Сергея Чуева///
https://islamnews.ru/news-v-moskve-zaderzhana-gruppa-tadzhi…
Ё масалан ин: "фото таджиков"!!!
///"Еще фото таджиков, убивших русского борца Сергея Чуева."///
http://pn14.info/?p=187366
Боз ҳам фошистона ва табъизомез:
///Мастера спорта убили пьяные таджики///
Яъне ин "тоҷикон" будаанд, ки ӯро куштаанд, на гурӯҳе аз ҷавонон, ки метавонанд аз ҳар қавме бошанд, ва қавмияташон ба ин рафтор рабте надорад. Ин як навъ ангуштнамо кардани тоҷикон аст, ки бибинед ҳар куҷое тоҷикро дидед, мувозиб бошед, ки ӯ қотил аст! Ё ӯро бикушед, ки ӯ варзишкори моро куштааст! Манзур ҳамин аст! Яъне як ҳодисаро ба тамоми миллат таъмим додан, ки истереутип ва ё барчасбсозии табъизомез ва нажодпарастона аст! Бибинед:
///"Таджики убили Сергея Чуева, русского, заступившегося за беременную женщину в Бутово Москва"///
Тоза ба муҳтавои мақола нигоҳ кунед:
///"Мигранты не пьют? В это еще кто-то верит? Пьяных таджиков и узбеков в Москве (порой - весьма агрессивных) наблюдаю по выходным в ЦАО регулярно, когда они не работают. Бывают и по вечерам. Свидетель рассказал, как погиб мастер спорта по греко-римской борьбе 34-летний Сергей Чуев. Убит при попытке защитить беременную женщину в Южном Бутове."///
https://www.youtube.com/watch?v=guA6moEm79U
Ин яке ҳам бо ҳамон зеҳнияти қуруни вустоӣ нивишта шуда:
///Таджики, убившие борца Сергея ЧУЕВА, были задержаны со спущенными трусами (2019)///
https://www.youtube.com/watch?v=ueHp5XCIPvk
Ба инаш нигоҳ кунед: "гостей с юга", албатта ба таври кинояомез:
///"Толпа "гостей с юга" вновь убила русского неравнодушного парня в Москве"///
http://zavtra.ru/…/tolpa_gostej_s_yuga_vnov_ubila_russkogo_…
///40 бутылок на шестерых: таджики, забившие Сергея Чуева не смогли вспомнить, кто нанес смертельный удар///
https://cont.ws/@petrovserg/1353441
Яке ҳам, ки худро коршинос муъаррифӣ карда, омада "таҳлил" карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки ду варзишкори рус "қурбонии системе" шудаанд, ки ба муҳоҷират ъалоқа дорад ва аз он суд мебарад ва давлати Русия дар баробари он нотавон аст:
////Прежде всего в мигрантах заинтересованы крупные организации в Москве и Подмосковье. Например, строительные. В этой сфере трудится много мигрантов. Они занимаются укладкой тротуаров, выполняют различные дорожные работы. Иными словами, это строители, работники городского хозяйства, ЖКХ.
Вряд ли владельцы компаний-застройщиков, строивших огромные микрорайоны в Подмосковье, живут в этих домах-муравейниках. Бизнесу всегда выгоднее получить дешёвую рабочую силу, которой не надо оплачивать больничный и отпуска, которая вряд ли будет жаловаться на тяжёлые условия труда или отсутствие медицинской страховки. Миграция из стран бывшего СССР выгодна крупным операторам услуг такси, застройщикам, огромному пласту сферы услуг и торговли. А государство как может борется, и то, как мы знаем, не всегда.
Так что получается, что русские герои Никита Белянкин и Сергей Чуев стали жертвами не просто уличных хулиганов, а целой бесчеловечной системы по извлечению выгоды из страдания людей. Их смерть не будет напрасной, если мы наконец проснёмся и зададимся вопросом: а все ли хорошо в миграционной политике нашей страны?///
Инаш дигар камоли гароиш ба фошисм аст:
///"Таджики-убийцы"///
Ба муҳтавои нивиштааш бингаред:
///Неизвестные в Москве убили мастера спорта по греко-римской борьбе Сергея Чуева, который заступился за беременную женщину, к которой они приставали.
СМИ старательно не называли особых примет мерзавцев. Разве что свидетельница сказала, что "они кричали на незнакомом языке".
Вот их хари///
"не называли особых примет мерзавцев!!!" разве что "они кричали на незнакомом языке!!!".
Шарм бар шумо бод, ваҳшиҳои ъақабмонда!!!!
https://diak-kuraev.livejournal.com/2467292.html

Сарчашма: https://akhbor.com/-p9444-168.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий