Дар Душанбе вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самти иқтисоду тиҷорат, маориф ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ мавриди муҳокимақарор гирифт.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур имрӯз зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати Кумита оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Бундестаги Олмон, ки дар арафаи баргузории Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё доир шуд, баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакат дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба баргузории панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ибрози назар намуда, хоҳони рушди ҳамкории байнипарлумонии ду мамлакат шуданд.
«Мо албатта аҳамияти ин конфронсро барои кишвари Шумо ва тамоми минтақа муҳим арзёбӣ менамоем ва ҳамкории байни мамлакатҳои Осиёро дар бахши амният ва субот ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем»-гуфт роҳбари ҳайати мазкур Петер Райзауэр.

Комментарии (0)