Ҷавонони мо, ҳар ҷо ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд.
Имрӯз гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пуштибонӣ аз ҳар гуна мазҳабу равияҳо ба назар мерасад. Ифротгароӣ ифодаи амалу рафтори тундгароии динӣ ва мазҳаби мебошад.
Дар баробари ин ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ давлат ва миллати тоҷикро ба мисли давлати ҳамсояи мо Афѓонистони дуввум мубаддал гардонидан мехостанд, вале пеши роҳи ин ҷинояткорро сарбозон ва ҷасурони миллат гирифтанд. Барои мардуми Тоҷикистон чеҳраи аслии ин ҳизби ифротӣ ошкор гардид ва 29-сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эълон гардид.
Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикисторо ѓуборолуд созад.
Даҳшатафканӣ, ифротгароӣ ва дигар амалҳои террористони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ барои ҳеҷ кас пӯшида нест. «Натиҷаи ҷинояту хиёнат дер ё зуд фош мешавад» гӯён, соли 2015 баъд аз талоши табаддулоти низомӣ, ки зери сарпарастии бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ ва мушовирони хориҷияш дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон дарк намуданд, ки ҳизби наҳзат на ҳизби динӣ, балки ташкилоти террористию экстримистӣ буда, ҳадафи ягонаи он роҳандозии низоъҳои миллию мазҳабӣ дар кишвар ва аз ин тариқ заминаи мусоидро барои ворид шудани селаи террористони байналмилалӣ ба хоки Тоҷикистонро фароҳам намудан аст. Дар воқеъ, бисёр шигифтангез аст, ки чунин афрод бо вуҷуди даст доштан дар ҷиноятҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандии кишвар ва зомини марги беш аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ шудан, ки на фақат хиёнат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, балки нақзи ҳуқуқи башар низ буд.
Ҳаводиси хунине, ки ба сари мардуми мо фурӯ рехт, бесабаб набуданд ва имрӯз поягузори он –ТТЭ ҲНИ барои ҳама маълум аст. Маҳз роҳнамоии хоҷаҳо ва «фаъолият»-и наҳзатиҳо боис шуданд, ки намояндагони миллате, ки дар таърихи худ боре ба сари миллате силоҳ набардошта ва ҳамеша меҳнати ҳалолро авлотар аз теѓи шамшер медонист ва барои зарари моливу иқтисодии азим, барои талафоти ҷонии пиру ҷавони миллат, барои даҳсолаҳо ақиб мондани ҷомеаи тоҷикон, барои зарари равонӣ бардоштани рӯҳи мардум гунаҳкор аст ва ин ҳама хиёнат, бадхоҳӣ ва ҷиноят, ки тарафдорони ТЭТ ҲНИТ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳаққи миллати тоҷик карданд, ҳеҷ гоҳ аз саҳифаи хотироти халқ фаромӯш намешавад. Пас вақти он расида, ки ТЭТ ҲНИТ ва ҳар киву ҳарчи ки алоқаманду вобастаи онанд, дар назди таърихи миллат ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва номашон бо хатҳои сиёҳи пурдоѓ дар саҳафоти пасисаршудаи рӯзгори халқи шарифи Тоҷикистон сабти адаб ёбанд. Аммо дигар ҳама медонанд, ки ин фақат як технологияи сиёсии ӯст, ки ба хотири ба даст овардани ҳусни таваҷҷуҳи омма ва бо осонӣ ба даст овардани обрӯ дар байни мардум амалӣ мешавад. Вале имрӯз дигар мардум онҳоро шинохтааст ва ба ҳазёни ин ҷунунпешагони пойбанди мансабу пул бовар нахоҳанд кард.
Баъзе аз ҷавонони кишвари мо аз сабаби заифи саводи сиёсӣ гумроҳ гардида, ба гуруҳҳои тундраву террористӣ ва эктремистӣ ҳамроҳ шуда, ба халқу Ватан хиёнат мекунанд. Барои чунин афрод муқаддасот монанди Ватан, Модар, миллат, дин, мазҳаб, арзише надорад.
Дар робита ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем, зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ, эмин буда наметавонад»
Мо имрӯзҳо дар кишваре зиндагонӣ дорем, ки офтоб бо нурҳои худ ба рӯямон файзу баракат ва озодона зиндагӣ карданро пошида, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷаҳониён гаштаем. Ҳамаи ин дастовардҳо ба заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобастагӣ доранд. Хизматҳои ин марди ватанпарвару инсондӯст боиси эътирофи ҷаҳониён гашта, Тоҷикистонро зиёда 190 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохтанд ва бо он муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ барқарор намуданд.
Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури амали кори худ қарор дода, бар зидди ин падидаи номатлуб муборизаи беамон баранд.
Бояд қайд намоям, ки Ҳукумати кишвар таҳти Роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавонро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меорад. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муққадас – Ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ѓамхориҳо тамоми саъю талоши худро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки моро зарур аст то ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз моҳият ва арзиши сулҳу оромиӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, инчунин, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд ва мардуми ин сарзамини куҳанбунёду бофарҳангро ба дарки амиқи бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ ҳушдор медиҳад ва таъкид менамоянд, ки террорист, ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.
Як Нуқтаро таъкид намуданиам, онҳое, ки хиёнат ба давлату миллат мекунанд, ҳадафҳои душманонаи хоҷагони хориҷиро дар ватанашон пиёда карданӣ мешаванд, агар имрӯз не, ҳатман фардо дастгир шуда, дар назди қонун ва халқу миллати тоҷик ҷавоб хоҳанд гуфт.
Сиёсати интихобкардаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳияти аслии он сулҳу ваҳдатофарӣ мебошад, дар ҳама маҳфилу чорабиниҳо тарѓибу ташвиқ шуда, амалан ҳар як сокини бофарҳанг бояд онро дастгирӣ намояд.
Мо бояд ба қадри сулҳу суботи бо талошҳои пайгиронаву ҷонфидоёнаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастомада бирасем ва онро чун гаҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Тақдири имрӯзу фардои Ватану миллат ба ҳар як шаҳрванди соҳибиродаву дилсӯзи он вобаста аст.
Аз ин рӯ бояд ҳар яки мо ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва ҳадафҳои стратегии созандагӣ, тараққиёти бомароми Ватани азизамонро вазифаи ҷонии худ донем.
Ҷавонони мо, ҳар ҷо ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ҳушёру зирак бошанд.
Исмоил Ҳасанов
Комментарии (0)