Афзоиши воридоти худравҳо ба Тоҷикистон
Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ воридоти худравҳоро 64 дарсад, ё ба арзиши 2,6 миллион доллар афзоиш дод
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз оғози сол то ба ҳол ба кишвар беш аз 7,3 ҳазор худрав ба арзиши беш аз 60,1 миллион доллар ворид шудааст.
Соли гузашта дар ин муддат беш аз 4,6 ҳазор худрав ба арзиши беш аз 36 миллион доллар ворид шуда буд.
Тоҷикистон аз кишварҳои Балтика ва Аврупо худравҳои сабук ворид мекунад. Худравҳои боркаш ва калон асосан аз Чин ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта воридоти худравҳои тавлиди то соли 2005-ро мамнӯъ кард. Ин мамнӯият аз 15 феврали соли 2018 ба иҷро даромад.
Комментарии (0)