Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Тошканд сазовори 5 медали тилло гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи варзиши сабук — «Ҷоми шаҳрҳо», ки 11-12 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат варзида, сазовори 9 медал – 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гардиданд.
Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа ва Гулсунбӣ Шарифова дар масофаи 200 метр рекорди миллӣ нишон доданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Кристина дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58,47 сония мақоми аввалро ишғол кард. Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаҳои 100 метр бо натиҷаи 11,86 сония ва 200 метр бо натиҷаи 23,76 сония ду медали тилло ба даст овард. Натиҷаи рекордиаш дар даври интихобии масофаи 200 метр (23.70) ба қайд гирифта шуд.
Григорий Дерипаскин низ ду медали тилло ба даст овард. Ӯ дар масофаҳои 200 метр бо натиҷаи 21.91 сония ва 400 метр бо натиҷаи 48,85 сония ҷои аввалро ишғол намуд.
Як медали дигари тиллоро Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа, бо натиҷаи 53,08 сония сазовор гашт.
Дар ҳамин масофа варзишгари дигари тоҷик Азиз Абдуллоев бо натиҷаи 53,45 сония медали нуқра гирифт.
Медалҳои биринҷиро Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 48,85 сония, Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 2,00 метр ва Алиёр Собиров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 21,84 метр ба даст оварданд.
Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи мазкур дар баробари варзишгарон аз шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон варзишгарони Тоҷикистону Қазоқистон низ иштирок карданд.

Комментарии (0)