Чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов: «Вақте обрӯи Ватанатро заррае ҳам бошад боло мебардорӣ, туро як эҳсоси хушу гуворо ва фаромӯшношуданӣ фаро мегирад»

Чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов: «Вақте обрӯи Ватанатро заррае ҳам бошад боло мебардорӣ, туро як эҳсоси хушу гуворо ва фаромӯшношуданӣ фаро мегирад»
Чанд рӯз қабл   чемпиони Осиё оид ба бокс  Баҳодур Усмонов дар 11-умин  Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов, ки  аз 4 то 8 июни соли равон дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гашт, сазовори медали тилло гардид. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо Баҳодур УСМОНОВ ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Ҳангоме, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дастболо гардидед,  табиист, ки Шуморо ҳолати  пурҳаяҷону шодиангез фаро гирифта буд. Аз ин лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ барои хонандагони сомонаи мо каме ёдовар мешудед.
 
Баҳодур Усмонов:  Соли равон дар мусобиқаи осиёӣ иштирок намуда, ба ҳамаи рақибонам ғолиб омадам ва унвониЧемпиони Осиёро сазовор гардидам.  Дар ин мусобиқаи варзишӣ дар  даври аввал озод будам ва  дар даври дуюм ба варзишгари Япония  Далсуки Нариматсу, дар чорякфинал бар  муштзани Туркманистон Туғрулбег Паззиев ва дар нимфинал  бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев ғалаба кардам ва  ба ин хотир парчами  Тоҷикистон  баланд бардошта шуд. Дар ин лаҳзаҳо худамро хушбахтарин шахси рӯи олам эҳсос кардам, аз шодӣ гиря кардан мехостаму   базӯр худдорӣ мекардам. Вақте ки обрӯи Ватанатро заррае ҳам бошад боло мебардорӣ, туро як эҳсоси хушу гуворо ва фаромӯшношуданӣ  фаро мегирад. Дар ин мусобиқа  баъди болошавии  Парчами Тоҷикистон ва садо додани гимни он   ҳамаи он мушкилотро, ки то ба ин поя расидан, яъне  зимни тамринҳои шабонарӯзӣ   аз сар гузаронидам,  дар як лаҳза фаромӯш кардам.Тоҷикистон — Ватани азизам ва мардуми заҳматқаринашро дӯст медорам ва барои сарбаландии он ҳамеша талош хоҳам кард.

АМИТ «Ховар»: Баҳодур мегуфтед, ки дар соли  равон  дар  чанд мусобиқаҳои дохилӣ  ва  байналмилӣ  ширкат доштед ва ба кадом натиҷа расидед?


Баҳодур Усмонов: Хушҳолам, ки имсол  ба дастовардҳои  назаррас  ноил гардидам. Зеро соли равон дар се мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намудам. Якум мусобиқа  дар Ҷумҳурии  Қазоқистон буд, ки дар онҷо ман чор рақиб доштам. Онҳо аз Россия, Манголия  ва Қазоқистон буданд. Рақобат бо онҳо албатта осон набуд,   толеи ман баландӣ карду   онҳоро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло шудам.
Дуюм мусобиқа дар Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки дар он бар панҷ ҳарифи пурқуввати худ дастболо шуда, сазовори медали тилло гардидам. Баъд аз он дар шаҳри Душанбе  дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс  иштирок намуда, ҳамаи рақибонро мағлуб намудам ва сазовори ҷойза шудам. Баъди ин мусобиқа дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд иштирок намуда, унвони чемпиони Осиёро соҳиб шудам.

АМИТ «Ховар»: Нозукиҳои ин намуди варзиш, яъне  боксро аз кадом  устодон  омӯхтаед?  

Баҳодур Усмонов: Албатташахс бояд дар ҳама ҷода роҳнамое дошта бошад.

Тавре ки шоир фармудааст:
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.


Дар ин самт таҳти роҳабрии мураббии маъруфи тоҷик  Мирзо Шамсиев тулии чандин сол аст, ки машқу тамрин мекунам. Бо заҳмату талошҳои ин устоди барҷастаам дар якчанд мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, ғолиб  омадам. Аз устодам сипосгузорам, зеро ғолибияти ман дар натиҷаи заҳматҳои сангини ӯ ба даст омадааст. Устодам дар мусобиқаҳо аз ман зиёдтар дар ҳаяҷон меафтад. Дар симои ӯ на танҳо омӯзгор, балки беҳтарин рафиқу шахси наздикамро мебинам.  Дар оянда низ мехоҳам, таҳти роҳбарии ӯ  машқу тамринамро зиёд намоям. Ният дорам, минбаъд низ  дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва Чемпионати ҷаҳон иштирок карда, сазовори медали тилло шаваму   нуфузи Тоҷикистони азизро баланд бардорам. Мо,  тоҷикон новобаста аз он, ки дар кадом соҳа фаъолият дорем, бояд  бо дастовардҳои беназир ба  оламиён собит созем, ки  зодагони миллати озодаву бонагу ор  ҳастем. Мисли Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд нангу ори ватансозӣ дошта бошем. Он гоҳ Ватани мо боз  ҳам шукуфову зиндагии мардум шоистатар мегардад.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзишии АМИТ «Ховар»

P.S: Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард.  Пеш аз ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни мардон  Анвар Юнусов (соли 2011) ва Ҷаҳон Қурбонов (соли 2008) , инчунин миёни занон Мавзуна Чориева (соли 2010) медали  тилло ба даст оварда буданд.


Сарчашма: http://khovar.tj/2019/06/chempioni-osiyo-ba-odur-usmonov-va-te-obr-i-vatanatro-zarrae-am-boshad-bolo-mebardor-turo-yak-e-sosi-hushu-guvoro-va-farom-shnoshudan-faro-megirad/

Комментарии (0)

Оставить комментарий