Бадахшон дар интизори сармоягузорӣ
Масъалаи ҷалби сармоя ба вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳамоно доғ аст ва сари чанд вақт дар сатҳҳои гуногун матраҳ карда мешавад. Вале то кунун натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ба даст наомадааст.
Коршиносон монеаҳо дар роҳи сармоягузориро ба хусусиятҳои ҷуғрофиёӣ, иқтисодӣ ва сиёсии минтақа ва ҳамчунин ба набуди имконоти ҳамкории соҳибкорони маҳаллӣ бо воридкунандагони бузурги мол рабт медиҳанд.
Анҷумани умедҳо
Аз оғози июни имсол, ҳукумати Бадахшон бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва ҷомеаи маданӣ ба Анҷумани байналмилалии "Помир Инвест-2019" омодагӣ мегиранд. Ин анҷуман рӯзҳои 6 ва 7-уми август дар Хоруғ баргузор хоҳад шуд.
“Ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ, пуштибонии бахши хусусӣ ва истифодаи ҳадафмандонаи захираҳои табиӣ” аз мавзӯъҳои муҳими нишаст гуфта мешавад.
Ба қавли раиси Анҷумани “МилалИнтер” Боймамад Алибахшов, ин форум аз соли 2011 боз бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба минтақа баргузор мешавад. Дар ин давра, ба гуфтаи ӯ, ба онҳо муяссар шудааст, беш аз 5 миллион доллар сармояи мустақим ҷалб кунанд. Аз ҷумла, 2,5 миллион доллар барои бунёди мактабҳо дар ноҳияҳои мушкилгузари вилоят, 5 миллион доллар барои эҷоди корхонаҳои истеҳсолӣ ва маблағҳои дигар барои рушди соҳибкории хурду миёна.
Камбуди сармоя – решаи ҳамаи мушкилиҳост
Афсурдагӣ дар ВМКБ ва сар задани ягон-ягон низоъву таркишҳои иҷтимоиро коршиносон ба шароити душвори иқтисодӣ ва сатҳи баланди бекорӣ алоқаманд медонанд.
“Барои сармояҳои бузург имконоти вилоят маҳдуд аст. Баъзан одамоне пайдо мешаванд, ки омодаанд 10-20 миллион доллар сармоягузорӣ кунанд, вале мо имконе надорем, ба онҳо чизе пешниҳод намоем”, -- мегӯяд Боймамад Алибахшов.
Ба қавли ӯ, бозори дохилии вилоят зарфияти лозим надорад ва ба сармоягузорон зарур мешавад, бо воқеиятҳои маҳаллӣ кор кунанд. Яъне маблағи хеле кам ҷудо мекунанд, ки ба натиҷаҳои заруриро ба даст намеоваранд.
"Монеаҳо дар роҳи сармоягузорӣ"
Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳамчун минтақаи ёронагир (дотационный) боқӣ мондааст ва бештари будҷаи вилоят аз ҳисоби воридоти берунӣ аст. Имсол, мувофиқи додаҳои Вазорати молия барои вилоят беш аз 191,3 миллион сомонӣ – ёрона дар назар гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол дар вилоят, аксарият ба ин ақидаанд, ки дар сурати роҳандозии мудирияти дурусти минтақа на танҳо имкони худмаблағгузорӣ пайдо мешавад, балки ба будҷа ҳам фоида меоварад.
Вале ба гуфтаи раиси пешини бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон Алим Шерзамонов, ба ҳайси ёронагир боқӣ мондани вилоят “марказ манфиатдор аст”.
“Ҳамаи раҳбарони вилоят ва вакилон, доим аз номи мардум ҳамчун бори гарон ба будҷаи Тоҷикистон маънидод мекунанд, дақиқан ҳамон мавқее, ки баъди соли 1985 Маскав дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ дошт”, -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ӯ афзуд, шахсан шоҳиди он будааст, ки сармоягузорҳои бузург бо сабабҳои номаълум аз ҳамкорӣ даст кашиданд: “Тақдири фурудгоҳи байналмилалӣ дар Хоруғ чӣ шуд? Ё минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва тарҳҳои дигаре, ки то кунун дар қоғаз боқӣ монданд.” Ба гуфтаи вай, ҳукумат вуҷуди мустақилияти шаҳрвандиеро, ки дар минтақа мебинад, онро ҳамчун ҷудоихоҳӣ ва таҳдидҳо мепазирад ва “аз ин рӯ бо дили нохоҳам даст ба ҷалби сармоя мезанад”.
Ба мушкилоте, ки сармоягузорони хоҳишманд дар Бадахшон рӯ ба рӯ мешаванд, ҳамчунин раиси пешини вилоят Алимамад Ниёзмамадов таъкид карда буд. “Дар ВМКБ бисёре аз ширкатҳои бузурги хориҷӣ аз Русия, Канада ва Ветнам хостанд, сармоягузорӣ кунанд. Ҳукумати вилоят мувофиқати худро эълон кард, вале тасмими ниҳоиро дар ин маврид дар ҷумҳурӣ мегиранд. Дар идома сармоягузорон дар раванди ҳуҷҷатгузорӣ бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ шуданд. Баъзе то 1-1,5 сол иҷозаро мунтазир шуданд, вале бидуни ҳеч чиз рафтанд”, -- гуфта буд ӯ ҳанӯз дар соли 2007.
Талоши ҷалби ҷамъиятҳо
Дар ҳамин ҳол, ба гуфти раиси вилоят Ёдгор Файзов, онҳо ба пайдо кардани сармоягузорони бузург то кунун муваффақ нашудаанд, то барои марказ пешниҳод намоянд. Ӯ гуфт: “Дар форуми пешорӯ сармоягузорон даъват шудаанд ва агар онҳо бо барномаҳои худ биоянд, онҳоро мебинем ва бо ҳукумат баррасӣ мекунем. Агар бо далелҳои ночиз рад карда шаванд, пас, он вақт мешавад гуфт, ки ба мо монеа мегузоранд, вале то кунун чунин нашудааст”.
Ба қавли вай, бар асари шароити ногувори ҷуғрофиёӣ, зерсохтҳои рушднаёфта ва бозори хурд хеле сахт аст, ки сармоягузорро барои маблағгузорӣ дар минтақа мутақоид кунанд. Дар баробари ин, таъкид мекунад Файзов, дар вилоят бартариҳои қобили таваҷҷуҳи дигаре вуҷуд доранд, аз ҷумла сатҳи пасти фасод, дахолат накардан ба тиҷоратҳо ва ғайра, ки “моро умедвор мекунанд”.
Бояд гуфт, раҳбарияти пешин ва ҳозири вилоят борҳо талош кардаанд, аз зодагони ВМКБ, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд сармоя ҷалб кунанд, вале то кунун муваффақиятҳои чашмгире ҳосил нашудааст. Ёдгор Файзов гуфт, ба форум 10-15 нафар чунин сармоягузорҳои билқува (эҳтимолӣ) даъват шудаанд, ки бо онҳо гуфтумон сурат мегирад.
Соҳибкорони “танбал”?
Раиси Анҷумани соҳибкорон ва кишоварзони кӯҳии “Милал Интер” Боймамамд Алибахшов мегӯяд, дар воқеъ баъзе аз расмиёти гумрукӣ ва андоз бидуни дар назар гирифтани вижагиҳои маҳаллӣ ҷорӣ карда мешаванд ва барои тиҷорат имкони гирифтани фоидаро намедиҳанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, соҳибкорони маҳаллӣ ҳам шавқу шӯри хосе барои ҳамкорӣ бо сармоягузорҳо нишон намедиҳанд.
“Барои мисол, ҳоло талаботи калоне ба гармхонаҳо ҳаст. Бо истифода аз имконоти минтақаи мо мешавад онҳоро бунёд кард ва мардумро дар тамоми сол бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуд. Вале касе инро, сарфи назар аз ин ки барои ин кор мешавад сармоягузор пайдо намуд, ба зимма намегирад”, -- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Мувофиқи маълумоти расмии ҳукумат, дар Бадахшон 4500 субъекти соҳибкорӣ фаъол аст. Бино ба маълумоти соли 2016 дар қаламрави вилоят 39 корхонаву сехҳои фаъол ҳисоб шуда буд.

Комментарии (0)