Мағозаҳои “Магнит”-и Русия бо меваҳои Суғд таъмин мешаванд
Пӯлод Ашӯров, директори корхонаи “Зардолу – К” эълон намудааст, ки бо мағозаҳои бузурги Россия, аз ҷумла Маркази савдои “Магнит” ҳамкории зич доранд
Ба гуфтаи Пӯлод Ашӯров, директори корхонаи “Зардолу – К” таъкид намудааст, ки корхонаи ӯ марказҳои савдои “Магнит”-и Русияро бо меваҳои тару тоза аз Тоҷикистон таъмин мекардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
“Алҳол бо мағозаҳои бузурги Россия, аз ҷумла Маркази савдои “Магнит” ҳамкории зич дорем. Маркази савдои “Магнит” 17 ҳазор нуқта дорад ва қариб ҳамарӯза онҳоро бо меваи тар таъмин мекунем”, - қайд намуд соҳибкор.
Инчунин вай афзуд, ки барои тару тоза нигоҳ доштани мева сардхона ташкил намудаанд, ки дар он дар як вақт 200 тонна маҳсулот, аз ҷумла зардолу, ангур, себ, гелос ва шафтолу нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамчунин, корхона барои банду баст намудани меваи тар таҷҳизоти замонавиро аз Италия ворид намудааст.
“Ҳоло маҳсулоти мо бо нақлиёти махсус дар ҳарорати зарурӣ нигоҳдоранда содирот карда мешавад”, -қайд намудааст Пӯлод Ашуров.
Тибқи иттилои дафтари дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, боғдорони ноҳияи Ашт бо оғози ҷамъоварии ҳосили нав тавонистанд то санаи ҳафтуми июни соли равон 2142 тонна меваи тар ба хориҷи кишвар содирот намоянд, ки аз он 2119 тонна зардолу ва 23 тонна гелос мебошад.
Меваи тар асосан ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот шуда истодааст.
Нархи хариди мева барои содирот аз деҳқонон зардолу аз 2,50 то 3 сомонӣ ва гелос аз 8 то 14 сомонӣ мебошад. Содироти намудҳои дигари зардолу ба монанди “Шалах” ва “Рухи ҷавонон” аз 25 майи соли ҷорӣ оғоз гардида, айни замон 11 автомошин барои содирот мева қабул намуда истодааст. Ба санаи якуми июни соли гузашта бошад, 1283,8 тонна меваи тар содирот шуда буд.
Комментарии (0)