Масрафи 5 миллион доллари Тоҷикистон барои васлшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ
Маблағи умумии лоиҳа 40 миллион долларо ташкил медиҳад, 35 миллион доллар дар шакли грант аз тарафи Бонки Осёии Рушд пардохт мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон барои васлшавӣ ба низоми энергетикиии кишварҳои Осиёи Марказӣ 5 миллион доллар масраф хоҳад кард.
Ҳамаги хазинаи лоиҳаи васлшавии низоми энергетикии Русия ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ 40 миллион доллар аст. бештари ҳазина бар души БОР рост меояд. Барои ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 35 миллион доллар ба сифати грант маблағ ҷудо гардидааст.
Мувофиқи созишнома аз маблағи умумии лоиҳа 28,5 миллион доллар барои иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизоти муосири ҳимояи релегӣ ва зиддисадамавӣ, 3 миллион доллар барои иҷрои хизматрасониҳои мушовирӣ ва 3,5 миллион доллар ба сифати хароҷоти ғайричашмдошти лоиҳавӣ пешбинӣ гардидааст.
Вазорати энергетика таъкид доштааст, ки яке аз афзалиятҳои муҳими лоиҳа васеъ намудани имкониятҳои содиротии неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар ин замина, самаранок истифода бурдани иқтидорҳои гидроэнергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. “Бо дарназардошти бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва, ҳамчунин, татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA - 1000, ки низоми энергетикии кишварро бо низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Қирғизистону Покистон пайваст менамояд, оғози татбиқи лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ” муҳим арзёбӣ мегардад”, - қайд намудааст манбаъ.
Дар доираи лоиҳаи мазкур синхронизатсияи шабакаҳои барқии Тоҷикистон бо шабакаҳои барқии Узбакистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа тавассути насби низоми муосири ҳимояи релегӣ ва автоматикунонӣ, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва зиддисадамавӣ барои кори синхронӣ бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар нуқтаҳои пайвастшавии шиддатҳои 220 ва 500 кв дар қисмати ҷанубӣ ва шимолии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи лоиҳа дар ҷануби кишвар пайвастшавӣ тавассути ду хати интиқоли барқи 500 киловатаи “Регар – Сурхан”, “Регар – Гузар” ва хатҳои интиқоли барқи 220 киловатаи “Регар – Гулча”, “Регар – Шеробод” ва дар шимоли ҷумҳурӣ бошад, пайвастшавии зеристгоҳи барқии “Суғд - 500 кв” ба хатҳои интиқоли барқи 500 киловаттаи Ӯзбекистон ва хати интиқоли барқи 220 киловатта аз зеристгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя дар назар аст.
Комментарии (0)