Замони баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” муайян шуд

Замони баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” муайян шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” баргузор мешавад

Рӯзҳои 6 ва 7 августи соли 2019 дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” баргузор карда мешавад.
 
Дар ин бора вебгоҳи «Помиринвест – 2019» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аз 6 то 7 августи соли 2019 дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш ҷалб намудани сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо минтақаҳои ҳамсоя ва мамолики дуру наздик, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятноки вилоят; - истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва инсонии вилоят, инчунин истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва густариш додани соҳаи сайёҳӣ гуфта шудааст.

Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест” майдони доимоамалкунандаи корӣ оиди муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба мушкилоти ҷалб ва истифодаи самараноки сармояҳо, ташкил ва ба роҳ мондани робита миёни соҳибкорон ва сармоягузорон ба ҳисоб рафта, он барои ба таҳия ва пиёдасозии тиҷорат – нақшаҳо ва барномаҳои сармоявӣ заминаи мусоидро фароҳам месозад.

Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” имкон медиҳад, ки идеяҳо ва роҳҳои нав барои амалӣ сохтани барномаҳои бизнесӣ дар ҳудуди ВМКБ пайдо гардида, равобит миёни намояндагони бизнес, сармоягузорон ва намояндагони сохторҳои давлатии маҳаллӣ густариш ёфта, инчунин ҳамкорон ва сармоягузорони нав пайдо гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 24 май бо аъзои кумитаи тадорукотии Форуми байналмилалии "Помиринвест - 2019" мулоқот баргузор намуд.

Файзов ба масъулин супориш дод, ки макони баргузории форум ҳаматарафа санҷида шавад то ки ба талабот ҷавобгӯ бошаду, пешниҳод намуд, ки сомонаи форум бояд фаъол бошад ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ баррасӣ гардад, то ҳамаи соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар мавриди форум маълумот пайдо намоянд.

Ба қайдгирии иштирокунандагон тариқи cомонаи pamirinvest.org ба роҳ монда мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий