Раҳбари маҳбас ба маҳбас: Файзулло Сафарзод ба 4 соли зиндон маҳкум шуд

Раҳбари маҳбас ба маҳбас: Файзулло Сафарзод ба 4 соли зиндон маҳкум шуд
Собиқ роҳбари зиндони Хуҷанд бо сӯистифода аз мақом ва хунукназарӣ муттаҳам шуда, ба 4 сол равонаи зиндон шудааст

Роҳбари пешини муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Хуҷанд ба 4 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Файзулло Сафарзод то сар задани ошӯб дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд роҳбарии онро дар дӯш дошт.

Ҳашт корманди дигари зиндон низ шартан маҳкум шудаанд.

Ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд шаби 7-ум ба 8-уми ноябри соли 2018 сар зада буд.

Ҳангоми ошӯб ду корманди зиндон кушта, 5 посбон бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона фиристода шуда буданд.

 Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин қайд карда буд, ки ҳангоми ошӯби шаби 8 ноябр дар зиндони Хуҷанд, 21 маҳбус безарар гардонида шуд, ки бештарашон барои терроризм маҳкум шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта баъд аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, генерал Изатулло Шарифзодаро аз мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия барканор карда, ба ҷояш Умаров Мансурҷон Ғаффорович, собиқ ноиби аввали раиси КДАМ-ро таъйин кард.

Инчунин ахиран хабар дода шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса 7 корманди маҳбас бо шумули сардори он Файзулло Сафарзода ва сардори бахши низомии зиндон Фарҳод Садировро боздошт карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий