Давандаҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи осиёӣ дар Чин иштирок карданд

Давандаҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи осиёӣ дар Чин иштирок карданд
Одилшоҳ Исматов ва Кристина Пронженко, давандаҳо, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук ҳафтаи равон дар давраи якуми Гран Прии Осиё иштирок карданд

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Ҷиангҷини Чин бо иштироки беҳтарин варзишгарони қораи Осиё баргузор шуд.

“Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр миёни бонувон бо натиҷаи 54.44 сония ҷои панҷумро ишғол кард. Дар ин масофа ҷои аввалро Ти Лан Қуаш аз Ветнам бо натиҷаи 52.63 сония ва  ҷои дуюмро Надиша Рамакаяка аз Шри Ланка - 53.24 сония, ҷои сеюмро Ти Ҳанг Нгуйен аз Ветнам - 53.29 сония сазовор гардиданд”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи милии олимпӣ.

Манбаъ афзуд, Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр панҷум шуда ба марра расид. Пеш аз ӯ Амир Муродии эронӣ - 1:49.49, Ҳанамура Такутои ҷопонӣ - 1:49.74, Дежу Лиуи чинӣ - 1:50.29 ва Абдураҳмон Дорзодаи эронӣ - 1:51.45 марраро фатҳ карданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ҳисоби даставӣ Чин бо 14 медал - 6 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард.

“Қазоқистон бо 6 медал дар ҷои дуюм, Ҷопон бо 7 медал дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтанд. Умуман, варзишгарони 14 давлат сазовори медал шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод афзуд, даври дуюми Гран Прии Осиё 7 июн дар шаҳри дигари Ҷумҳурии Чин – Чонқинг баргузор мешавад

Комментарии (0)

Оставить комментарий