Муҳоҷирони тоҷик дар куҷо нопадид мешаванд?
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия мегӯянд, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик пас аз даъват ва ё боздошт аз ҷониби пулис нопадид шудаанд. Пулиси Русия дар посух ба номаҳои пайвандони бархе аз муҳоҷирони нопадидшуда даъват ё боздошти онҳоро рад кардааст.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба пайвандони тақрибан 20 муҳоҷири гумшуда кумак мекунад, ки иддао доранд, наздиконашон як ё ду сол боз, пас аз даъват ба пулис ва боздошт бедарак шудаанд. Мақомоти Русия дар чанд маврид ба пайвандони афроди гумшуда гуфтаанд, “масъала таҳқиқ мешавад” ва дар чанд ҳолати дигар комилан рад кардаанд, ки чунин нафареро дастгир кардаанд.
Мирзо Зарипов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, аз соли 2017 дар Русия ду бародарашро ҷустуҷӯ мекунад. Усмон Зарифови 37-сола ва Бобохалил Саъдуллои 29-сола рӯзҳои 13 ва 14-уми июни соли 2017 дар ноҳияи “Солнтсево парк”-и шаҳри Маскав боздошт шуданд. Ду рӯз баъди боздошти онҳо дар Маскав мақомоти тоҷик пайвандонашонро дар ноҳияи Ҳамадонӣ бозпурсӣ карданд, вале баъдан, дигар нишоне аз онҳо пайдо нашуд. Мақомоти Тоҷикистону Русия аз боздошти онҳо изҳори бехабарӣ мекунанд.
Ду соли ҷустӯҷуи бенатиҷаи ду бародар
Мирзо Зарипов, ки он замон дар Тоҷикистон қарор дошт, ба суроғи бародаронаш ба Русия омад. Натиҷаи ҷустуҷӯи дусолаи ӯ як бастаи бузурги мактубҳост, ки аз ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистону Русия дастрас кардааст. Посух ба мактубҳоро як ниҳод ба як ниҳоди дигар вогузор кардааст.
Масалан, 13-уми апрели соли 2018 Хадамоти бехатарии Русия ба Зарипов навиштааст, ки ду мактуби ӯро дастрас кард ва онҳоро барои ҷавоб гуфтан ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав фиристодааст. Ҳанӯз ин ниҳод посух нагуфтааст, вале ба мактуби дигари ӯ, додситонии Маскав навиштааст, ки ду бародар ба шӯъбаи пулис бурда нашудаанд.
Мирзо Зарипов мегӯяд, даҳҳо нафар аз ҳамроҳони бародараш шоҳиди боздошт буданд. Ӯ бо такя ба нақли шоҳидон гуфт, Усмон Зарипов ҳангоми кор дар сохтмон ва Бобохалили Саъдулло дар хиёбон боздошт шудаанд. Касоне, ки ин ду нафарро дастгир кардаанд, ба гуфтаи шоҳидон, либоси пулис доштанд.
Ӯ афзуд: “Аз фурудгоҳу роҳи оҳан ва дигар гузаргоҳҳо посух гирифтем, ки ин ду нафар аз Русия берун нашудаанд. Агар онҳо дар боздошт набошанд, аз Русия берун нарафта бошанд, пас куҷоянд? Ё чаро ду рӯз пас аз боздошташон кормандони вазорати корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон омада, хонаводаи моро дар бораи бародаронамон пурсиданд ва гуфтанд, ки онҳо боздошт шудаанд?”
Дар вазорати мазкур ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин муроҷиатҳоро зиёд дастрас кардаанд ва ҳар кадом алоҳида таҳқиқ мешавад. Дар ин ду ниҳод посухи рӯшане дар мавриди сарнавишти ду бародар надоданд.
Нопадид шудан ба тамоюл табдил меёбад
Каримҷон Ёров, ки ба Мирзо Зарипов дар ҷустуҷӯи бародаронаш кумак мекунад, гуфт, “нопадид” шудани муҳоҷирон ба як тамоюл табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, як соли ахир ба ӯ наздики 20 нафар муроҷиат кардаанд, ки наздиконашон пас аз боздошт ё даъват аз ҷониби пулис нопадид шудаанд.
Ёров гуфт: “Бештар дар шаҳру вилояти Маскав рух медиҳад. Мақомот мегӯянд, боздошт накардаем ва ё пас аз пурсидан ҷавоб додем. Баъзеи онҳо бо гузашти моҳҳо аз дохили ягон зиндон аз худ хабар медиҳанд, вале бархеи дигар бенишон мемонанд. Вақтҳои ахир сару садое ҳаст, ки гӯиё ФСБ зиндонҳои махсус дорад ва дар он ҷо шаҳрвандоне, ки бо терроризм боздошту нигаҳдорӣ мешаванд, вале ҳеҷ иттиллои дақиқ дар ин маврид нест” -- афзуд ӯ.
Ба қавли ҳуқуқшинос, ҳарчанд бархе муҳоҷирон дар Русия нопадид мешаванд, мақомот барои пайдо кардани онҳо зиёд саъй намекунанд. Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳар моҳ аз пайвандони муҳоҷирони нопадидшуда аз се то чаҳор нома мегиранд. Онҳо аз намояндагии вазорат мехоҳанд, барои пайдо кардани пайвандонашон ёрӣ кунанд.
Баъзеро дар зиндон, баъзеро дар сардхона меёбем
Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфт, соли гузашта нишони беш аз 30 муҳоҷири нопадидшударо пайдо кардаанд.
“Баъзеҳоро дар зиндон ёфтем ва бархеи дигарро дар сардхона. Касоне ҳам буданд, ки ҳамсари рус гирифтаанд ва ё аз наздиконаш қаҳр кардааст ва бо ҳамин аз худ хабар намедиҳад. Онҳое, ки дар зиндон буданд, худашон нахостаанд, ки ба наздиконашон тамос гиранд. Вақте дархост мегирем, ба бюрои ҷустуҷӯи вазорати корҳои дохилии Русия расман муроҷиат мекунем. Агар дар зиндон бошад ва ё ҷасадаш пайдо шуда бошад, огоҳ мекунанд. Агар аз Русия ҳам берун шуда бошад, хабар медиҳанд” - гуфт ӯ.
Аммо дар бисёр ҳолат, ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадӣ, ҷасадҳое ҳам пайдо мешаванд, ки бо худ ҳеҷ ҳуҷҷат надоранд ва шахсияташон ҳам ношинохта боқӣ мемонад. Дар баъзе аз шаҳрҳои Русия қабристонҳое мавҷуданд, ки дар онҳо афроди "беном" дафн мегарданд. Аммо наздикони гумшудаҳо умедворанд, ки пайвандонашон дар ин ҷойҳо нестанд ва рӯзе аз худ хабар медиҳанд.
Маълумоти дақиқ дар бораи нопадидшудаҳо дар Русия вуҷуд надорад ва ҳар созмони ҷамъиятии кор бо муҳоҷирон омори алоҳида доранд. Ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафта, аз он ҷо зиндагии хонаводаҳои худро таъмин мекунанд.

Комментарии (0)