Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019» иштирок мекунад
Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ва Сурия дар Мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019», ки аз 7 то 18 июл дар шаҳри Бангалори Ҳундустон барпо мегардад, иштирок мекунанд.
Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси ӯзбекистонӣ Усмон Тошев, ки дастаи мунтахаби олимпии мамлакатро машқ додааст, ба ин мусобиқа сафарбар мегардад. Мусобиқа дар як давр гузаронида хоҳад шуд.
Тавре пештар хабар дода будем, дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 футболбозони тоҷик ҳамчунин моҳи июн ду бозии рафиқона анҷом медиҳанд. 7 июн дастаи мунтахаби мамлакат дар шаҳри Душанбе бо дастаи миллии Афғонистон ва баъдан дар Гуанҷжоуи Чин бо дастаи мунтахаби ин мамлакат, ки имсол ба даври чорякфинали бозиҳои финалии Чемпионати Осиё 2019 баромад, қувва месанҷад.

Комментарии (0)