Пешсафии “Истиқлол” дар сабқати Лигаи олӣ
Тими “Истиқлол” дар даври шашуми бозиҳои Лигаи олӣ бар тими КМВА “Помир” пирӯз шуд
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими “Истиқлол”, пешсафи Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол дар доираи даври шашуми бозиҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Ба иттилои манбаъ, дастаи “Хуҷанд” ду хол аз даст дод.
“Ду бозии даври шашуми Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ 9 май доир гардиданд. Ғалабаи “Истиқлол” бар тими КМВА “Помир” тавассути “дубл”-и Эҳсони Панҷшанбе, голҳои Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев имконпазир шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Кумита илова намуд, ки голи дастаи артиш – “Помир”-ро Ваҳдат Ханонов ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ натавонист бар тими “Панҷшер” ғалаба кунад. Мухлисон шоҳиди гол нашуданд ва бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Комментарии (0)