Паҳлавони ҷавони тоҷик Асланҷон Азизов дар Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардид
Варзишгари шинохтаи тоҷик Асланҷон Азизов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон дар Қазоқистон сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур ба хотири чемпиони Бозиҳои олимпӣ Ж. Ушкемпиров дар шаҳри Талдиқурғони Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки беш аз 150 нафар варзишгарон аз 5 давлат – Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Россия ва Ӯзбекистон баргузор шуд.
Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 варзишгари ҷавон иштирок карданд. Асланҷон Азизов дар вазни 55 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон акнун дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуда, ба чемпионати Осиё, ки 9-14 июл дар шаҳри Тайланд доир мегардад, омодагӣ мебинад.

Комментарии (0)