Варзишгарони навраси тоҷик дар Тошканд сазовори 4 медал гардиданд

Варзишгарони навраси тоҷик дар Тошканд сазовори 4 медал гардиданд
Паҳлавонони  навраси тоҷик дар 7-умин  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ, ки дар шаҳри  Тошканди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, сазовори 4 медал, аз ҷумла ду медали тилло шуданд.

Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур  бо иштироки беш аз 400 нафар варзишгарони соли таваллудашон 2005-2006 аз 4 давлат – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Варзишгарон аз рӯи 12 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар ҳайати 9 варзишгар  дир ин мусобиқаи варзишӣ иштирок карда, ба гирифтани 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мушарраф шуд.

Хотиррасон  менамоем, ки медалҳои тиллоро Анвар Ҷӯраев дар вазни 62кг ва Шаҳбоз Давлатов дар вазни +85кг ба даст оварданд. Муҳаммад Тураев дар вазни 68кг медали нуқра, Муҳаммад Яҳёев дар вазни 52кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизаҳои пулӣ низ қадрдонӣ шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий