Беҳтарин паҳлавонҳои Тоҷикистон ба мусобиқаи “Baku Grand Slam-2019” мераванд

Беҳтарин паҳлавонҳои Тоҷикистон ба мусобиқаи “Baku Grand Slam-2019” мераванд
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Шакармамад Мирмамадов ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон мераванд ва аз 10 то 12 май дар мусобиқаҳои “Baku Grand Slam-2019” иштирок хоҳанд кард

 Бино бар иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон аз 10 то 12 майи соли равон  дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии “Baku Grand Slam-2019” оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он 3 паҳлавони шинохтаи  тоҷик иштирок мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур иштироки 469 нафар варзишгар (281 мард, 188 зан) аз 58 кишвари дунё дар назар аст.

Тоҷикистонро се варзишгари шинохта – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг намояндагӣ мекунанд.

Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон – сурат гирифта,  варзишгарон сазовори холҳои олимпӣ мегарданд.

Чун анъана, варзишгарон дар баробари ба даст овардани медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Варзишгароне, ки соҳиби ҷои аввал мегарданд 5000 доллар, ҷои дуюм 3000 доллар ва ҷои сеюм 1500-доллар медиҳанд.

Ҳоло дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 14-уми вазни -90кг, Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 29-уми вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар ҷои 50-уми вазни +100кг мавқеъ доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий