Чемпионҳои Осиё Дилшод Назаров ва Баҳодур Усмонов ба Ватан баргаштанд
29 апрели соли 2019, соати 22:30 дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳавопаймои варзишгарони маъруфи тоҷик, чемпиони панҷкаратаи Осиё Дилшод Назаров ва чемпиони бозиҳои Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов фуруд овард. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода хабар дод.
Тавре қаблан хабар дода будем, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор гардид, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони чемпиониро соҳиб шуд.
Бояд зикр кард, ки Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 76,14 метр ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гардид. Зинаи дуюм насиби Ашраф Ал-Сайфии қатарӣ гардид. Сӯҳроб Хоҷаеви тоҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон баромад мекунад, дар ин мусобиқаи фароқоравӣ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Д. Назаров бори панҷум аст чемпиони Осиё мешавад. Ӯ солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ва 2019 ба ин натиҷа ноил гардидааст. Мавсуф барандаи 2 медали нуқра — солҳои 2005 ва 2007 ва як медали биринҷии Чемпионати Осиё дар соли 2003 низ мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.
Варзишгари маъруфи дигари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун — Обада Ал-Касбе ғолиб омад.

Комментарии (0)