Ҷоми пойтахт — 2019 насиби Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов гардид

Ҷоми пойтахт — 2019 насиби Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов гардид
27 апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии   гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт — 2019 бо иштироки беҳтарин паҳлавонони   мамлакат  баргузор шуд. 
   
Дар мусобиқа, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил шуд, беш аз 80 нафар варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ аз рӯи ду категорияи вазнӣ: -80 кг ва +80 кг барои ба даст овардани ҷойҳои намоён гӯштин гирифтанд.

Дар категорияи вазнии -80 кг варзишгари шинохтаи  тоҷик, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода пирӯз шуд. Ӯ дар даври ниҳоӣ бар Саидмухтор Расулов ғолиб омад. Ҷои сеюмро Ҳақаназар Назаров пас аз пирӯзӣ бар Раҳматуллобек Фарҳодов ба даст овард.

Дар вазни +80 кг паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик  Темур Раҳимов ғалаба кард. Темур, ки ҳафтаи гузашта дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид, дар финал паҳлавони дигари шинохтаи тоҷик  Шакармамад Мирмамадовро шикаст дод. Паҳлавони  маъруфи ҷумҳурӣ Комроншоҳ Устопириён дар ин мусобиқа ҷои сеюмро ишғол кард. Ҳарифи Комроншоҳ дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Саидҷалол Саидов аз мусобиқа даст кашид.

Ёдовар мешавем, ки    Мусобиқаи ҷумҳуриявии   гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт – 2019  дар  сатҳи баланду  хотирмон сурат гирифта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ғолиби ҷои аввал Шоҳҷоиза – мошин, барои ҷои дуюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ тақдим гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий