Баҳодур Усмонов қаҳрамони бокси Осиё шуд
Баҳодур Усмонов зери дасти мураббии маъруф Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд
Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило миёни мардҳо Чемпиони Осиё шуд, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардҳо ва бонувон дар шаҳри Бангкоки Тайланд 26 апрел ба анҷом мерасад.
Баҳодур Усмонов 26 апрел дар вохурии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун Обада Ал-Касбе ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд, сипас дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу, дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ва дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев ғалаба кард.
Баҳодур Усмонов зери дасти мураббии маъруф Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд.
Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати бокси Осиё ба Тоҷикистон овард. Соли 2011 муштзани маъруфи кишвар Анвар Юнусов дар вазни 56кг дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта буд. Ҳамчунин, Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд.
Комментарии (0)