Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами низоми бонкиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ дар самти назорати бонкӣ, низомҳои пардохтӣ, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, асъори рақамӣ ва дар маҷмуъ рақамикунонии низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуданд. Инчунин тарафҳо барои баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ бо мақсади табодули таҷриба доир ба масъалаҳои гуфташуда ба мувофиқа расиданд.
Дар ин замина ҷонибҳо «Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот байни Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Бонки миллии Тоҷикистон"-ро ба имзо расониданд.
Ин санад метавонад ба тақвияти ҳамкории низоми бонкии мамлакатҳо, табодули таҷрибаю дониш ва оғози самтҳои нави ҳамкорӣ мусоидат намояд.

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий