Бонки Авруосиёии Рушд маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии Тоҷикистон зиёд мекунад

Бонки Авруосиёии Рушд маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии Тоҷикистон зиёд мекунад
​Завқӣ Завқизода ҳамчун аъзои Шурои Бонки Авруосиёии Рушд барои дастгирии фаъолона дар раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бобати рушди устувори иқтисодии мамлакат  ба роҳбари ин бонк изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар баробари ин ҳамчунин вобаста ба зиёд намудани маблағгузории Бонки Авруосиёии Рушд ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, савдо, маориф, тандурустӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, бахусус рақамикунонии бизнес-ҷараёнҳо дар вазорат даъват гардид.
Пешниҳодҳо вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Директори Бонки Авруосиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои нави афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус таъсиси кластери нассоҷӣ ва маркази логистикии муосир, инчунин ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий