Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?

Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Чин дар солҳои охир босуръат зиёд мешавад. Ин ба Чин имкон дод ба Русия, ки беш аз 20 сол доимо шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ дониста мешуд, хеле наздик шавад.
 
Аз рақамҳо оғоз мекунем...Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Чин дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ тақрибан 30% афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки бо Русия ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 18% баробар аст.
Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин дар ин давра ҳудуди 1,4 млрд доллар ва байни Тоҷикистону Русия - зиёда аз 1,4 млрд долларро ташкил медиҳад.
Дар сохтори умумии гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон, ҳиссаи савдо бо Чин ба 21,2% ва Русия - ба 22,3% баробар шудааст. Барои муқоиса, панҷ сол пеш, соли 2019, ҳиссаи Чин ҳамагӣ 14,6% ва ҳиссаи Русия 23,3% буд.
Дар ҳамон сол Чин аз ҷиҳати ҳаҷми савдо бо Тоҷикистон аз Қазоқистон низ ақиб мемонд, ки ҳиссааш 21,2%-ро ташкил медод. Аммо дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи Қазоқистон дар савдои хориҷии Тоҷикистон то 15% коҳиш ёфт.
Қобили зикр аст, ки тайи 3 соли ахир афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Чин ба мушоҳида мерасад.
Ба ин тариқ, дар соли 2021 ҳаҷми афзоиш 77,5% соли 2022 - 44,2% ва соли 2023 - 24,2%-ро ташкил дод.
Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Русия дар соли 2021 - 39%, соли 2022 - 23,7% ва соли 2023 - ҳамагӣ 2,5%-ро ташкил дод.
Афзоиши босуръат дар соли 2021 ва тадриҷан коҳиш ёфтани он дар солҳои минбаъда бо барқароршавии марҳилавӣ баъд аз коҳиши гардиши мол дар соли пандемияи 2020 шарҳ дода мешавад. Дар он сол, бинобар маҳдудиятҳои шадиди вобаста ба COVID-19, савдо бо Чин 28,5% ва бо Русия - 7,6% коҳиш ёфта буд.
Дар сохтори ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Чин дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 80% ба ҳиссаи воридоти мол аз Чин рост меояд. Айни замон дар баробари Қазоқистону Швейтсария Чин яке аз се бозори асосии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бино ба маълумоти оморӣ, дар ин давра Тоҷикистон ба Чин ба маблағи ҳудуди 269,1 млн доллар молу маҳсулот содир намуда, аз Чин ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд доллар молу маҳсулот ворид кардааст.
Ҳудуди 20% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон ба Чин рост меояд. Аз Тоҷикистон ба ин кишвар минералҳои гуногун, металлҳои ранга ва нодир (сурб, сурма, руҳ, алюминийи хом ва хӯлаҳои алюминийи хом), нахи пахта, ашёи чармӣ, инчунин матоъҳо ва ашёи хоми абрешимӣ, меваҳои хушк ва ғайра интиқол дода мешавад.
Ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон 21,7%-ро ташкил медиҳад.Аз Чин ба Тоҷикистон асосан дастгоҳҳои механикӣ ва қисмҳои онҳо, металлҳои сиёҳ ва маснуоти он, мошинҳои барқӣ ва қисмҳои онҳо, воситаҳои нақлиёт, масолеҳи сохтмонӣ, пластмасса ва маҳсулоти он, маҳсулоти дорусозӣ, асбобҳои оптикиву тиббӣ ва қисмҳои он, ҳамчунин молу маҳсулоти рӯзгор: либосу пойафзол, мебел, асбобҳои барқии маишӣ ва бисёр чизҳои дигар оварда мешаванд.
 
Уфуқҳои навДар солҳои охир мақомоти Тоҷикистону Чин борҳо аз имкониятҳои зиёд барои афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли гузашта ҳангоми сафари худ ба Чин зикр кард, ки аз афзоиши босуръати гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар  метвонем эътимоди ҷиддӣ ҳосил кунем, ки ояндаи наздик он то ба 3 млрд доллар расонида шавад.
Коршиносони мустақил бо назардошти суръати рушди гардиши мол дар солҳои охир ва монеаҳое, ки эҳтимол меравад дар ояндаи наздик бартараф шаванд, ин интизориҳоро комилан асоснок мешуморанд.
Гап сари он аст, ки вазъи дастрасӣ ба бозори Чин дар баҳори соли 2021 пас аз он душвор шуд, ки Қирғизистон дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона сарҳади худро бо Тоҷикистон якҷониба баст. То ин вақт қисми зиёди молу маҳсулот тавассути қаламрави Қирғизистон содир ва ворид карда мешуд. Ба ақидаи коршиносон, бартарафсозии ин монеа метавонад ҳаҷми савдои Тоҷикистону Чинро ба таври назаррас зиёд кунад.
Соҳибкорони тоҷик, ки ба интиқоли молу маҳсулот аз Чин машғуланд, бозорҳои Чинро барои хариди молҳо бо нархҳои хеле муносиб ҷолиб шуморида, бар ин назаранд, ки харидории молу маҳсулот аз ин ҷо нисбат ба дигар кишварҳо бамаротиб фоидаовартар аст.
«Дар Чин молу маҳсулоти гуногун барои ҳама гуна интихобу маблағ пешкаш мешавад. Ҳатто маҳсулоти нодирро, ки дар дигар кишварҳо ёфтанаш бо ин нарх душвор аст, дар ин ҷо метавон пайдо кард. Аз ҷумла, дар ин ҷо молҳои босифати тамғадор (брендӣ) бо нархҳои нисбатан паст дастрасанд», - мегӯяд соҳибкор Аҳмад Валиев.Дар ҳамин ҳол, мутахассиси мустақил Муҳаммад Шамсуддинов зикр мекунад, ки барои Чин кишварҳои дар ҳоли рушди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, хеле муҳиманд ва талаботи ҳамкории мутақобила бо онҳо доимо меафзояд. Ба ақидаи ӯ, ин кишварҳо барои Чин, пеш аз ҳама бозори бузурги фурӯши маҳсулоташ мебошанд.
«Кишварҳои рӯ ба рушд барои Чин аз нигоҳи логистика низ ҷолибанд. Чин кӯшиш мекунад, ки аз имконоти транзитии ин кишварҳо дар тиҷорати хориҷии худ истифода кунад ва худро аз эҳтимоли таҳрим ва ҷудоӣ дар савдои байналмилалӣ аз ҷониби рақибонаш ҳифз намояд», - хулоса кард ӯ.Натанҳо савдоЧин бо сармоягузории худ дар иқтисоди Тоҷикистон дар мавқеи устувори аввал аст. Дар давоми ҳамагӣ тақрибан 10 сол ба Чин муяссар шуд, ки ба нишондиҳандаҳои Русия дар ин самт расида, ҳатто аз он пеш гузарад.
Сармоягузориҳои нахустини Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2007 сурат гирифта, то соли 2017 ба зиёда аз 1 млрд доллар расиданд. Он замон сармоягузориҳои ҷамъшудаи Русия дар иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 930 млн долларро ташкил медоданд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар умум давоми солҳои 2007–2023 Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 3 млрд 845 млн доллар сармоягузорӣ кардааст.
Барои муқоиса:
Русия – 1 млрд 851 млн доллар;
Қазоқистон – 1 млрд 209 млн доллар;
ИМА – 808 млн доллар;
Британия – 805 млн доллар. 
Ҳудуди 70%-и сармоягузориҳои Чин (қариб 2,6 млрд доллар) ба иқтисоди Тоҷикистон мустақим мебошанд. Ин сармоягузориҳо ба рушди саноати истихроҷи кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, металлургия ва бахши кишоварзӣ равона шудаанд.Илова бар ин, Чин ба Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳи зерсохторӣ дар соҳаҳои гуногун қарзҳо дода, инчунин ба сифати грантҳо бебозгашт кумак мерасонад. Қарзу грантҳо, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд сармоягузориҳои сандуқӣ (коғазҳои қиматнок) ҳудуди 30% (беш аз 1,2 млрд доллар) аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чинро ба иқтисоди  Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Сарчашма: asiaplustj.info


Комментарии (0)

Оставить комментарий