Рақибони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 маълум шуданд. Бозиҳо кай баргузор мешаванд?

Рақибони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 маълум шуданд. Бозиҳо кай баргузор мешаванд?
Тими милли футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бо мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.

Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар дода, навиштааст, ки маросиси қуръакашӣ имрӯз, 9-уми декабр, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи қуръакашӣ 6 гурӯҳ иборат аз 4 дастаӣ ташкил шудааст. Ҳар як мунтахаб дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад.

Ғолибони 6 гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ба иттилоъи ФФТ, 5 бозии футболбозони тоҷик соли 2025 ва як бозии дигар моҳи марти соли 2026 баргузор хоҳанд шуд.

Тоҷикистон марҳилаи интихобиро рӯзи 25-уми мари соли оянда дар Душанбе бо бозӣ муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ оғоз мекунад.
Рақобатҳои дигари тими миллии футболи кишвар ба таври зайл хоҳад буд:
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон танҳо як маротиба ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифта, дар он иштирок карда буд.

Мунтахаби футболи кишвар дар аввалин иштироки худ дар ин мусобиқот, ки аввали соли ҷорӣ дар Қатар баргузор шуд, то марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий